Замони баргузории мусобиқаи Ҳабиб дар Қирғизистон маълум шуд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкБоец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Ахиран замони баргузор шудани мусобиқаи ташкилнамудаи Ҳабиб дар Қирғизистон маълум шуд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар Иссиқкӯл нахустин мусобиқаи Eagle Fighting Championship, ки ташкилкунандаи он қаҳрамони собиқи UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов мебошад, баргузор мешавад.
Хадамоти матбуоти ташкилоти варзишӣ аввалин сафҳаи мусобиқаи дарпешистодаро дар сафҳаи Instagram-и худ нашр кард.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи EFC 38 рӯзи 3 август дар соҳили Иссиқкӯл баргузор мешавад.
"EFC бори аввал дар Қирғизистон баргузор мешавад. Набарди асосӣ миёни қаҳрамони феълии лига Руслан Яманбоев ва Бусурманқул Абдибаит баргузор мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин, мухлисони MMA шоҳиди набард миёни Мансур Малачиев ва Рашид Вагабов хоҳанд шуд.
Илова бар ин, Данияр Бобоқулов, Абдураҳмон Гитиновасов, Имом Шапӣ Мухторов ва дигар размоварони аллакай саршинос дар мусобиқаи EFC 38 зӯрозмоӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0