Бародари норозӣ аз рафтори хоҳари 19-солааш ӯро кушт – видео

Баҳси ҳамагӣ ду – се дақиқаӣ миёни бародар ва хоҳари ҷавон дар шаҳри Панҷакент бо куштор анҷомид
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 21-сола, хабар дод, ки дар қатли хоҳари 19-солааш муттаҳам мешавад.
Дар гузориши Вазорати умури дохилӣ, бародари муттаҳам гирёну ларзон нақл мекунад, ки чӣ гуна нохудогоҳ хоҳари ҷавонашро кушт. Ӯ мегӯяд, ёд надорад, ки чӣ гуна корд зад.

“Дод заду корда тарафи ман кард, кордро медорам гуфтам, ки дастамро бурид. Баъд корда гирифтам, худам намедонам чандта задам”, - гирён нақл мекунад айбдоршаванд дар гузориши ВУД.

Ба иттилои ВУД, ҳодиса дар заминаи муноқишаи оилавӣ дар пайи эроди бародар аз рафтори хоҳараш сар задааст. Дар натиҷа ҷавон ба қисмҳои ҳаётан муҳими хоҳараш панҷ зарби корд задааст, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таъкид шудаст, ки ин ҳодиса нисфирӯзи 15 июн, тахминан соати 14:00 дақиқа рух дода, маъмурини милиса ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, муттаҳамро боздошт намудаанд.
Феълан алайҳи муттаҳам парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Назари бевоситаи муттаҳаму наздиконаш дар бораи ин гузориш ва иттиҳом маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала