Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Фавти масъули гусели мусофирони фурудгоҳи Душанбе дар беморхонаи сироятӣ

© Facebook / Safar ShodievДжамшед Джахонгирзода
Джамшед Джахонгирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, масъули Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки то чанд рӯзи қабл сари кор буд, дар беморхонаи сироятии пойтахт даргузаштааст
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, масъули қайду гусели мусофирони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз дар синни 39-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Яке аз ҳамкорони Ҷаҳонгирзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум тайи панҷ рӯзи охир дар беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ буд. Маросими ҷанозаи марҳум баъди зуҳри имрӯз дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара баргузор гардидааст.
Сабаби даргузашти Ҷаҳонгирзода гуфта нашудааст, аммо дар шабакаҳо аз қавли ҳамкоронаш иттилоъ дода шуд, ки дар бадани ӯ коронавирус пайдо гардидааст.
Дар мавриди вазъи кормандони дигари фурудгоҳ мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоли ҳамаи кормандони дигар хуб буда, сари кор мебошанд. Ҳамкорон аз Ҷаҳонгирзода ҳамчун инсони хоксор, хушчақчақ, зиндадил ва хайрхоҳ ёд мекунанд.
Медсестра в инфекционной клинической больнице №2 Департамента здравоохранения города Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Эълони омори нави гирифторӣ ба COVID дар Тоҷикистон: вазорат мегӯяд фавт нест
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмӣ, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус хабар медиҳад, изҳор доштааст, ки пас аз авҷи дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон, ягон ҳолати марг аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Рӯзи гузашта ин омор 18 нафарро ташкил дода буд.
Расман аз аввали ҳамагирии сирояти коронавирус то кунун дар кишвар 13 499 нафар гирифтори ин вабо шуда, то ҳол 13 302 кас шифо ёфтаанд. Теъдоди фавтидагон аз коронавирус ҳамоно 90 нафар арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала