"Газел" - и ҳомили муҳоҷирон дар роҳи Волгоград-Маскав чаппа шуд: навор аз ҷои ҳодиса

© Высота 102На трассе Волгоград-Москва перевернулась "ГАЗель" с мигрантами
На трассе Волгоград-Москва перевернулась ГАЗель с мигрантами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Обуна шудан
Дар вилояти Волгоград микроавтобуси мусофирбари ҳомили муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чаппа шуд. Дар паи ин ҳодисаи нохуш, 13 тан захмӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар шоҳроҳи Волгоград-Маскав микроавтобуси "Газел" бо муҳоҷирон чаппа шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарраёсати минтақавии ВКД.
Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ 13 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Вазъи ду тан аз захмиён вазнин арзёбӣ мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар автобус 14 мусофир савор буданд, ки аксарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон гуфта мешаванд. Онҳо аз Самофаловка ба ноҳияи Иловлин барои кор дар саҳро ҳаракат мекарданд.
Аксари онҳо бо худ ҳуҷҷат надоштаанд, аммо баъдтар маълум шудааст, ки онҳо дар қаламрави Русия қонунӣ буду бош доранд.
Садама дар ноҳияи Городишенский рух додааст. Сабаби онро ВКД, ноуҳдабароии ронандаи "Газел" мегӯяд.
Мошин ба канори роҳ баромада, чаппа шудааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Садамаи маргбори кортежи Ҷабборов: шарҳи котиботи раисиҷумҳур
Раёсати тандурустии вилояти Волгоград мегӯяд, ба ҷои ҳодиса 6 гурӯҳи ёрии таъҷилӣ ва ду бригадаи постҳои тиббӣ фиристода шуданд.
Феълан, дар маҳалли ҳодиса, кормандони БДА кор мебаранд, роҳбарияти полиси минтақавӣ низ барои муайян кардани сабаби садама ба ҷои ҳодиса рафтааст.
Дар баробари ин, раҳбарияти мақомоти муҳоҷиратӣ ин қазияро таҳти назорат хоҳад гирифт.
Лентаи хабарҳо
0