Толибон шимоли Афғонистонро ғасбу Осиёи Миёнаро "оташ мезананд"?

© REUTERS \ Jim HollanderТабличка с надписью "Талибы" на юге Афганистана
Табличка с надписью Талибы на юге Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Обуна шудан
Раванди гузариши гурезаҳои мусаллаҳ ва бесилоҳ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна метавонад то ба ҳазорҳо расад
Тақвияти амалиёти ҷангӣ дар шимоли Афғонистон феълан мӯҷиби гузариши бархе гурезаҳои мусаллаҳ ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ гардидааст ва ин танҳо оғози таҳаввулоти бузург аст. Толибон* ба музокироти сулҳ бо ҳукумати кунунии Афғонистон, мухолифон ва рақибон манфиатдор нестанд, зеро дар тӯли 25 соли мавҷудияташ ин ҷунбиши ҳарбӣ-динӣ одат кардаанд, ки асосан бо оташи силоҳ "муътақид созанд".
Ӯзбекистон рӯзи 28 июн 47 марзбон ва ҳарбиёни афғонро, ки аз ҷангҷӯёни Толибон* гурехта, сарҳади минтақаи Шӯртеппаро убур карда буданд, депорт кард. Ин дуввумин ҳодиса дар тӯли як ҳафта аст ва Тошканд мавқеашро барои нигоҳ доштани муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ бо Афғонистон, бетарафӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишвари ҳамсоя эълом кард.
Марзбонон ва сарбозони афғон бори аввал рӯзи 23 июн, пас аз даргириҳо дар минтақаи марзӣ ба қаламрави Ӯзбекистон "ақибнишинӣ карданд", ки дар маҷмуъ теъдодашон 50 нафарро ташкил медиҳад.
Военнослужащие НАТО осуществляют посадку в вертолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Охирин сарбозони Олмону Италия Афғонистонро тарк карданд
Ба қаламрави Тоҷикистон, гурӯҳи дуввуми низомиёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон бо теъдоди 17 нафар пас аз ҳамлаи Толибон* дар вилояти шимолии Балх рӯзи 27 июн, ақибнишинӣ карданд. Бори аввал сарбозони афғон рӯзи 22 июн, пас аз ҷанг бо Толибон дар вилояти Кундуз, ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд. Бо сабабҳои гуманизм ва ҳамсоягии хуб ба ҳама 134 хизматчии ҳарбӣ иҷозати убур дода шуд.
Эҳтимол, ки ин оғози "муҳоҷирати азим" -и мардумони Афғонистон аст. Ҷангҳои пайвастаи нерӯҳои ҳукуматӣ бо Толибон* дар музофотҳои шимолии ҶИА ва изҳороти ин созмони мамнӯъ дар бораи назорати 80% қаламрави кишвар – эҳтимоли гурӯҳҳои нави гурезаҳои мусаллаҳ ва бесилоҳро ба кишварҳои Осиёи Миёна дар пай дорад, ки метавонанд ба ҳазорҳо расанд.
Пирӯзии Толибон* тақрибан ногузир аст. Қаблан хадамоти ҷосусии Амрико ба хулосае омаданд, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад на бештар аз шаш моҳ баъди хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ истодагарӣ кунад. Кишварҳои ҳамсоя омодагӣ мебинанд, ки ба паҳншавии эҳтимолии терроризми байналмилалӣ бо ҳама василаҳо муқовимат кунанд.
Суръати шиддати вазъ
Фармондеҳи нирӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал-лейтенант Остин Скотт Миллер рӯзи 29 июн гуфт, ки Толибон* "дар саросари кишвар амалиёти ҳамла мебаранд" ва мояи нигаронии махсус "аз даст додани қаламравҳо ва суръате, ки онҳо аз даст мерванд”, мебошанд. Вашингтон ва Кобул кӯшиш доранд, ки ҳамлаҳои пирӯзиовари Толибонро* боздоранд.
Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва роҳбари Шӯрои олии оштии миллӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 25 июн дар Вашингтон бо президенти ИМА, Ҷо Байден гуфтушунид карданд ва кафолати пуштибонияшонро дар оянда гирифтанд. Тақрибан дар ҳамон вақт, ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба мавқеъҳои ҷангиён дар вилоятҳои шимолии Бағлон ва Кундуз ду зарба заданд.
Вид на город Кабул в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Тошканд 47 низомии дигари афғонро ба ватанашон равон кард
Сухангӯи Толибон* Забиуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида "бояд ба хуруҷи нерӯҳо диққат диҳад ва ба ҷанг даст назанад ва фоҷиаи афғонҳоро ба дарозо накашад". Толибон* мехоҳанд ба зудӣ "дунёи нав" -и соли 1996 - шадидтарин нусхаи қонунҳои шариатро бо қатлҳои оммавӣ ва буридани дасту пойҳо барои камтарин қонуншиканӣ, ба истиснои занон аз ҳаёти ҷамъиятӣ, бо манъи телевизионҳо, театрҳо ва кино созмон диҳанд . Амрикоиҳо то ҳол халал мерасонанд, аммо инҳо 150 000 низомии эътилоф нестанд, ки дар солҳои 2001-2013 бо Толибон* меҷангиданд.
ИМА ваъда додааст, ки ба Афғонистон 3,3 миллиард доллар ҷудо мекунад. Ғайр аз ин, амрикоиҳо ба нерӯҳои амнияти маҳаллӣ 37 чархболи зарбазани Black Hawk ва 2 ҳавопаймои ҳамлагари Super Tucano медиҳанд. Азбаски музокироти сулҳомези байни афғонҳо муаллақ мондаанд, танҳо ин рақамҳои зикршуда хушбин ба назар мерасанд.
Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Фиристодаи Путин гуфт, хатари гузариши Толибон ба кишварҳои ҳамсояро намебинад
Ва аммо, бо вуҷуди он ки даҳҳо миллиард доллар барои омӯзиш ва мусаллаҳ кардани нерӯҳои ҳукумати Афғонистон харҷ шуда ва дар рейтинги Global Firepower дар мақоми 75-ум қарор гирифтааст, қудрати низомӣ барои мубориза бо Толибон* кофӣ нест. Сарбозони афғон беш аз пеш ба хориҷа мегурезанд ё мавқеъҳои худро бидуни ҷанг таслим мекунанд (сиёсатмадорони маҳаллӣ ва пирони қабила бо фармондеҳон шартномаҳои таслимшавӣ мебанданд). Масалан, дар нимаи моҳи июн дар Сари Пул Толибон* "бо мувофиқа" тақрибан 300 милтиқи ҳамлаии М-16 ва чанд тонна лавозимоти ҷангӣ, 100 худрави "Ҳамви" ва мошинҳои боркаш аз пойгоҳи артиши Афғонистон мусодира карданд. Агар кор чунин идома ёбад, Толибон* метавонанд чархболҳои амрикоии Black Hawk низ гиранд.
Тибқи гузориши CNN, Толибон* рӯзи 24 июн муҳосираи Мазори Шарифро оғоз карданд, ки он бузургтарин маркази нақлиётии пайвандгари вилоятҳои шимолии Афғонистон бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар музофоти Ҷузҷон, маршал Абдулрашид Дӯстум дар набард бо Толибон* маҷрӯҳ шуд. Бесарусомонӣ меафзояд ва метавонад аз ҶИА берун равад.
Омодагӣ ба ҷанг
Гузоришҳо аз ҷанги Афғонистонро кишварҳои ҳамсояро водор кардааст, ки ба дурнамо хушбин набошанд. Чин аллакай шаҳрвандони худро барои тарки Афғонистон даъват кардааст. Покистон инчунин шиддат гирифтани ҷанги шаҳрвандиро пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз эҳтимол дур намедонад.
Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов чанде пеш эълом дошт, ки кишвараш бозгашти Аморати Исломиро қабул нахоҳад кард, аммо бӯҳрони Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ва муҳим аст, ки Афғонистон ба як қисми ҳамгироии Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Илова бар ин, "муносибати ягонаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба раванди сулҳи Афғонистон" зарур аст. Нақшаи хеле мураккаб. Вақт нишон хоҳад дод, ки оё ин миқдор гузаштҳо байни ҳукумати кунунӣ, Толибон*, ҷонибҳои дигари даргирии Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир аст ё на. Ҷангҳои шадид дар музофотҳои шимолӣ идома доранд. Гузашта аз ин, дар видеои Толибон*, ки дар вилояти Форёб сабт шудааст, ҷангиёни одӣ бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезананд. Сулҳи фавриро дар Афғонистон пас аз 40 соли ҷанги шаҳрвандӣ набояд интизор шуд.
Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Устод Ато Калдорро озод кард
Ҷангҳо дар вилоятҳои шимолӣ ва тирандозӣ дар марзи Афғонистон – дар масофаи 150 км аз Душанбе ва 70 км аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа - дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар Маскав нигаронии ҷиддиро ба бор овардаанд. Президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон - Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳодисаҳои марзиро тавассути телефон баррасӣ карданд. Кремл низ нигарон аст - ҷангҳо дар Осиёи Марказӣ метавонад ба артиши Русия таъсир расонанд. Дар ин ҷо таҷрибаи Сурия дар мавриди амалиёти нерӯҳои ҳавоӣ метавонад муфид бошад. Ҳавзаи марказии ҳарбӣ бо суръат аз ақибгох ба ҷабҳа табдил меёбад. Қаблан Руслан Казакбоев, вазири умури хориҷии Қирғизистон гуфта буд, ки ҳукумати ӯ дар баробари таҳдидҳои афзоянда зидди густариш ва тақвияти пойгоҳи ҳавоии Русия дар Кант нест.
Сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов гуфт, ки фаъолияти Толибон* дар Афғонистон ба Русия таҳдиди мустақим надорад, аммо Вазорати мудофиаи кишвар чораҳои зарурӣ меандешад. Ҳавзаи марказии ҳарбӣ (ба он воҳидҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ дохил мешаванд) то охири соли 2021 ҳудуди 1200 адад техникаи ҷадиди низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангии бомбаандози Су-34М хоҳад гирифт. Эҳтимол силоҳҳои нав ба пойгоҳҳои Русия дар Осиёи Марказӣ фиристода мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагон - Вулуси Ҷиргаи Шӯрои  миллии  Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Ҳамеша дар паҳлӯятонем: Раҳмон ба мақомдори афғон аз шиддати вазъ ва ҳамкории амалӣ гуфт
Дар кӯҳҳои Тоҷикистон, ҳангоми тамрин, гурӯҳҳои иктишофии пойгоҳи низомии 201-и Русия аз чархболҳои низомии Ми-8МТВ5-1 ба ақибгоҳи душмани шартӣ интиқол дода шуда, адуро бо силоҳҳои сабук ва гранатомёти РПГ – 7В қир карданд. Бо дастгирии тонкҳои Т-72 тирандозҳои савораи мошинҳои зиреҳпӯш нобудсозии гурӯҳҳои парокандаи ҷангиёни мусаллаҳи ғайриқонуниро ба анҷом расониданд. Дар размоишҳо тақрибан 500 низомӣ ширкат карданд.
Масъулини пойгоҳи низомии 201-и Русия дар соли 2021 ба нақша гирифтаанд, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1000 нафар мутахассисони хурд тайёр кунанд. Таълим дар ду размоишгоҳ – Лоҳур ва Самбули аз рӯи 14 ихтисоси ҳарбӣ сурат мегирад. Ихтисосҳо аз оператори тонки Т-72 то фармондеҳи низоми мушакии БМ-21 "Град" дар бар мегирад. Барномаи омӯзишӣ ба ҳисоби миёна се моҳ давом мекунад. Омӯзиш 17 июл бо иҷрои оташбаси назоратӣ ба поён мерасад. Агар сулҳ хоҳед, ба ҷанг омода шавед.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0