Ҳамеша дар паҳлӯятонем: Раҳмон ба мақомдори афғон аз шиддати вазъ ва ҳамкории амалӣ гуфт

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагон - Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагон - Вулуси Ҷиргаи Шӯрои  миллии  Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагон - Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30 июн бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон дар Қасри миллат аз ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо гуруҳҳои террористӣ гуфтанд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мардуми Тоҷикистон на танҳо аз назари ҷуғрофӣ, балки аз дидгоҳи муштаракоти арзишӣ низ ҳамеша дар паҳлӯи мардуми Афғонистон қарор хоҳад дошт.

"Мо аз иқдоми ҳукумату мардуми кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисоди мамлакат пуштибонӣ хоҳем кард", - таъкид кардааст Раҳмон.

Дафтари матуботи раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, вобаста ба идомаи нооромиҳо дар Афғонистон ва шиддат гирифтани вазъи сиёсиву низомӣ дар ин кишвари ҳамсоя, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҷонибҳо ҳамкории амалии ду кишварро дар арсаи амниятӣ зарур донистанд.
Таъкид гардид, ки барои мубориза бар зидди террористон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори қочоқи маводди мухаддир чораҳои муассир андешида шаванд, гузориш дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Учение ОДКБ Взаимодействие-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
СААД: агар Тоҷикистон кумак хоҳад, онро мегирад
Инчунин ҷонибҳо дар бораи густариши робитаҳо дар самтҳои барои кишварҳо афзалиятноку судманди соҳаҳои энергетика ва зерсохтор, ташкили долонҳои нави нақлиётӣ байни кишварҳо ва татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои мазкур, табодули андеша карданд.
Инчунин робитаҳои парлумонӣ, рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, мудофиа, амният, иқтисод, тиҷорат, илму маориф, васоити ахбори омма ва тандурустӣ аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот арзёбӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала