Ҳукумат таъсиси ду муассисаи нави давлатии телевизионро баррасӣ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНовое дополнительное здание телевидения и радио Согдийской области
Новое дополнительное здание телевидения и радио Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Ҳукумати Тоҷикистон ташкили ду муассисаи нави давлатии телевизионро дар ҷумҳурӣ баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Дар ҷаласаи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баррасӣ гардид.
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш додааст, ки яке аз масоили баррасикардаи аъзои Ҳукумат бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” буд. Дар иттилоия зикр нашудааст, ки қарорҳои Ҳукумат дар пайи баррасии ин масъалаҳо қабул гардиданд ё на.
Министр образования Таджикистан Нуриддин Саидов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Нуриддин Саид озмуни нав эълон кард: ҷоиза 10 000 сомонӣ
Аммо Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ҳанӯз тобистони соли гузашта хабар дода буд, ки лоиҳаи қарорҳо барои таъсиси шабакаҳои ҷадид омода ва ба Ҳукумат фиристода шудаанд.
Дар Тоҷикистон қаблан дар баробари “Шаҳнавоз” ва ва "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" инчунин аз таъсису фаъолшавии шабакаи "Илм ва табиат" мегуфтанд.
Телевизиони навтаъсис соҳавӣ буда, аз бурду бохти соҳаҳои алоҳида, аз мусиқӣ то илму сайёҳӣ барномаҳо нашр мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала