Маҷлиси Ҳукумат: Сулаймон Зиёзода аз афзоиши гӯшту тухм ба Раҳмон гузориш дод

Заседание правительства Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Дар Душанбе таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Дар кори ин маҷлис ҳисоботи вазири кишоварзӣ, Сулаймон Зиёзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумат, дар бораи рушди соҳаи чорводорӣ шунида шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Гӯшту тухму моҳӣ зиёд шуд

Вазир гуфтааст, ки тибқи маълумоти оморӣ дар давраи солҳои 2018-2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои саршумори чорвои калон, бузу гӯсфанд, асп, паранда, истеҳсоли шир, гӯшт, тухм, моҳӣ ва асал марҳила ба марҳила афзун гардидааст, ки нисбати дурнамои Барнома зиёд мебошад.

"Дастгирии Ҳукумат ва татбиқ гардидани имтиёзҳои додашуда ба рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ, мусоидат намуда, дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои барномаи мазкур дар солҳои 2018-2022 ба 116 фоиз баробар гардидааст", - гуфтааст вазир.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто дастур додааст, ки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо амалисозии Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ барои солҳои 2018-2022-ро пурра таъмин намоянд.

Лоиҳаи кадом қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон ирсол шуд

“Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,
“Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”,
“Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ”
“Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ”

Аз унвонҳои илмӣ то номивазкунии обектҳои ҷуғрофӣ

Аъзои Ҳукумати Стратегияи Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 - ро баррасӣ намуданд.
Дар баробари ин, масъалаҳои Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, додани унвонҳои илмӣ ва бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда низ аз мавзуъҳои баҳсшуда гуфта мешаванд.
Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ, Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ аз масъалаҳои дигари маҷлис будааст.

Зимистонгузаронӣ ва супоришҳо ба раисон

Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат, роҳбарияти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Ҳукумат супоришҳо додааст.
Ин дастурҳо вобаста ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи 30-солагии Истиқлол, ҷамъоварии беталафи ҳосил, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимистонгузаронӣ дар кишвар рабт доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала