Маълум шуд, Владимир Путин бо кадом намуди ваксина эм карда шуд

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Владимир Путин зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия гуфт ӯ бо ваксинаи сохти русии "Спутник V" эм карда шудааст.
Путин хотиррасон кард, ки вай моҳи феврали соли 2021, замоне, ки ду навъи ваксина - "ЭпиВакКорона" ва "Спутник V" дар гардиш буданд, ваксин гирифта буд.
Президент қайд кард, ки дар ибтидо аз ӯ хоҳиш карданд, ки бо кадом ваксина эм шуданашро ифшо накунад, то рақобат пайдо нагардад.
Дар ҳамин ҳол, Путин иқрор шуд, ки чун Фармондеҳи олии Федератсияи Русия бо ваксинаи "Спутник V" эм карда шудааст.

"Замоне ман алайҳи вируси корона эм карда шудам, дар гардиш ду ваксина буд, ҳарду ҳам хубанд. Ман ҳангоми интихоб бо пизишкон маслиҳат накардам. Барои ман ҳифзи дарозмуддат лозим буд", - шарҳ дод Владимир Путин.

Ӯ афзуд, шоми рӯзи гузаронидани сӯзандоруи дуюми ваксин, ҳарорати баданаш 37,2 буду субҳи дигар 36,6 шуд.
Ёдрас мешавем, ки Владимир Путин 18 -ум бор имрӯз бо мардуми Русия мустақиман суҳбат мекунад.
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Путин дар бораи эҳтимолияти қарантини дубора гуфт
Бори аввал президенти Русия соли 2001 бо мардум мустақиман гуфтугӯ кард. Аз он сол ба ин сӯ ҳамасола ин маросим баргузор мешавад.
Дар маҷмӯъ, Путин аз сокинони Русия беш аз 1,5 миллион дархост дарёфт кардааст.
Тӯлонитарин суҳбати мустақим бо Владимир Путин соли 2010 сурат гирифтааст. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа сӯҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала