Мулоқоти Раҳмон бо Глазенберг: иқтидори “ТАЛКО”- ро то 1 миллион тонна расониданиянд

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Эмомалӣ Раҳмон бо Айван Глазенберг афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва то як миллион тонна расонидани онро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 июн— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенбергро дидору мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури кишвар, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсария, баррасӣ карда шуд.
Таъкид гардидааст, ки дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шарикии самараноки ширкати “Гленкор” бо “ТАЛКО” дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкориҳо мебошад.
Франсуа Салвия, фиристодаи иқтисодии Фаронса дар Корхонаи алюминийи тоҷик, Талко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Фиристодаи Фаронса бо таъмири Талко шинос шуд
Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ду ширкат танҳо дар 5 соли охир беш аз як миллиард долларро ташкил дод, афзудааст манбаъ
Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои азнавсозии технологии Ширкати Алюминийи Тоҷик, коркарди пурраи алюминийи аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” то як миллион тонна, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ имконияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурмаву тсинки Тоҷикистон ва сармоягузории ширкати “Гленкор” ҷиҳати бунёди корхонаи металлургӣ, баррасӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала