Пайрав Воҳидов сармураббии тими футзали Тоҷикистон таъин шуд

© пресс-служба ФФТПайрав Вохидов, новый главным тренер национальной сборной Таджикистана по футзал
Пайрав Вохидов, новый главным тренер национальной сборной Таджикистана по футзал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Обуна шудан
Сармураббии нави дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов таъин шудааст
ДУШАНБЕ, 30 июн – Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамакнун миллипӯшони футзали кишварро Пайрав Воҳидов, ки ҳамзамон мураббии бошгоҳи Душанбе "Соро Компания" аст, тамрин медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мутахассис вазифаҳои сармураббиро дар дастаи мунтахаб ва дар клуби Душанбе "Соро Компания" якҷоя иҷро мекунад.
Гуфта мешавад, қаблан дар солҳои 2015 ва 2016 Пайрав Воҳидов ёвари мураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон буд ва дар соли 2017 тими ҷавонони кишвар (U-20) -ро оид ба футзал раҳбарӣ кардааст.
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Пирӯзии тими артиш баъди се бохту истеъфои сармураббӣ: рақиб худ ба дарвозааш гол зад
Таҳти роҳбарии Воҳидов, клуби "Соро Компания" - и Душанбе дар солҳои 2018 ва 2019 ду маротиба ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон гардид.
Пайрав Воҳидов дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 13 то 24 октябр баргузор мешавад, омода мекунад.
Лентаи хабарҳо
0