Президенту вазирон қоидаҳои имлои тоҷикиро баррасӣ карданд

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонМаҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон
Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Обуна шудан
Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва аъзои Ҳукумат имрӯз қарор дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикиро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, аммо тафсилотро ироа накардааст, ки ин қоидаҳо қабул шуданд ё на.
Қаблан Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, гуфт, қоидаҳои ҷадид 108 тағйироти хурду бузургро фаро мегиранд.
“Номи ҳарфҳо тағйир ёфтанд. Ба асолати тоҷикӣ баргаштем. Хусуиятҳои фонетикӣ, садонокҳо ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд”, - изҳор дошта буд раиси Кумитаи забон аввали соли равон.
Ба иттилои ӯ, аз мушкилоти дигар ин навиштани калимаю ҳарфҳои иқтибосие мебошанд, ки дар қоидаҳои ҷадид тарзи дурусти навишти онҳо пешниҳод гардид.
Аз ҷумла калимаҳои иқтибосие, ки ҳарфҳои "ы", "ц", "ь", "щ" – ро доранд. Ин ҳарфҳо қаблан дар алифбои тоҷикӣ буданд, аммо соли 1998 гирифта шуданд.
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Дастури Рустами Эмомалӣ барои тоҷикӣ кардани номгузориҳо дар пойтахт
Раиси Кумитаи забон тавзеҳ дод, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти ин ҳарфҳо нишон дода шудааст, аммо онҳо баргардонда намешаванд.
“Вақте қоидаҳои имло мегӯем, сухан дар бораи 35 ҳарфи забон мегӯем. Яке аз бобҳои имлоро ба калимаҳои иқтибосӣ бахшидем, ба тарзи навишти ҳарфҳое, ки дар алифбои мо нестанд”, - изҳор дошт Муҳаммадҷонзода.
Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ дар пайи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз гардид, ки гуфт, қоидаҳои феълии имло ихтилофу духӯрагиҳо дошта, боиси баҳсу мунозираҳои нолозим мешаванд.
Дар Интернет як навори нодири мусоҳибаи Лоиқ Шералӣ нашр шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Тоҷикро бо тоҷик шиносонед: сӯҳбати Лоиқ аз шуури миллӣ, бузургон ва як ҳадиси Пайғамбар
“Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд. Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.
Лентаи хабарҳо
0