Путин дар бораи орзуҳояш гуфт

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Путин эътироф кард, ки орзу дорад, аммо садо надод
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Ҳама мардум бояд ба чизи беҳтар умедвор бошанд, гуфт президенти Русия Владимир Путин ҳангоми тамоси мустақим.
Путин эътироф кард, ки орзу дорад, аммо садо надод.
"Инро бо руъё алоқаманд кардан мумкин нест. Чунин ҳолат вуҷуд дошта наметавонад, ки инсон орзу надошта бошад. Шумо бояд дар бораи хубиҳо фикр кунед, он гоҳ ин хубӣ амалӣ мешавад", - гуфт Путин.
Дар айни замон, президент розӣ нашуд, ки ӯ низ орзуҳои гумкарда дорад.
Ӯ дар идомаи суолу посухҳо оид ба ваксинагирияш низ изҳор дошт, ки вояи дуюмро низ аллакай гирифтааст.
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Путин дар бораи эҳтимолияти қарантини дубора гуфт
Номбурда гуфт, шоми рӯзи гузаронидани сӯзандоруи дуюми ваксин ҳарорати баданаш 37,2 буду субҳи дигар 36,6 шуд.
Бори аввал президенти Русия соли 2001 бо мардум мустақиман гуфтугӯ кард. Аз он сол ба ин сӯ ҳамасола ин маросим баргузор мешавад.
Дар маҷмӯъ, Путин аз сокинони Русия беш аз 1,5 миллион дархост дарёфт кардааст.
Тӯлонитарин суҳбати мустақим бо Владимир Путин соли 2010 сурат гирифтааст. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа сӯҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала