Путин гуфт, қудратро ба дасти кӣ месупорад

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Президенти Русия Владимир Путин зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия ба суол дар бораи вориси худ, посух дод
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин гуфт, вазифаи асосии ӯ маслиҳат додан ба номзадҳо аст.
Кишвардор гуфт, Русияро бояд номзади арзанда раҳбарӣ кунад.

"Ҷои муқаддас холӣ намемонад. Вақташ мерасад ва ман метавонам бигӯям, ки барои раҳбарӣ кардани давлати хуб, чун ватани мо Русия, кӣ арзанда аст", - қайд кард президент.

Чун анъана, суҳбати мустақими президенти Русия бо мардум ҳар сол баргузор мешавад. Бори аввал кишвардор дар чунин формат соли 2001 бо мардум гуфтугӯ карда буд.
Тӯлонитарин суҳбати ӯ бо сокинони Русия дар соли 2010 сурат гирифт. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа суҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала