Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мегӯянд, президентҳо забон як кардаанд - Путин дар бораи онҳое, ки ба COVID бовар надоранд

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, эмгузаронӣ бехатар аст - бемор шудан, хавфнок. Ба гуфти кишвардор дар ин масъала бояд ба гапи мустахассис гӯш дод
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Владимир Путин зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия, изҳор дошт, ки дар робита ба вируси корона, бояд ба сухани мутахассис гӯш дод на ба ҳар гуна овозаҳо.
Ба гуфти ӯ, дар ҳама давру замон буданд ва ҳастанд одамоне, ки эмгузарониро эътироф намекунанд. Ӯ қайд кард, вақте, эмгузаронӣ оммавӣ ба роҳ монда мешавад, мардум намехоҳанд ваксин гиранд.

"Вақте беморӣ зиёд шуд, он гоҳ мардум барои эмгирӣ медаванд. Набояд ба гапи мардум, ки дар бораи он тасаввурот надоранд, гӯш кард, балки ба сухани коршинос бояд такя кард. Дар асл одамони калонсол, маълумотдор вале мегӯянд, ҳеҷ чиз нест, эпидемия нест, раҳбарони кишварҳо забон як кардаанд", - гуфт президент.

Владимир Путин афзуд, ҳама дарк мекунанд, ки ҷаҳони мо дар таззод аст. Ва мардум фикр доранд, ки президентҳо маслиҳат кардаанд: "охир ин сафсата аст".
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Маълум шуд, Владимир Путин бо кадом намуди ваксина эм карда шуд
Ба гуфти президенти Русия бемор шудан хатарнок аст, махсусан барои одамони дорои касалиҳои музмин, вале эмгузаронӣ хатар нест, гарчӣ таъсироти манфӣ низ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала