Суҳбати мустақим бо Владимир Путин: навори пурра

Владимир Путин 18 -ум бор имрӯз бо мардуми Русия мустақиман суҳбат мекунад
Бори аввал президенти Русия соли 2001 бо мардум мустақиман суҳбат кард. Аз он сол ба ин сӯ ҳамасола ин маросим баргузор мешавад.
Чунин тарзи суҳбат, ҷавобҳои Владимир Путинро ба саволҳои сокинони Русия дар назар дорад.
Ғайр аз ин, иштирокчиёни суҳбати мустақим аксар вақт аз Президенти Русия кумак мепурсанд ё диққати ӯро ба мушкилоти муҳим ҷалб мекунанд.
Аллакай беш аз як миллион нафар дар хатти мустақим қарор доранд. Мардум саволҳоро тавассути телефон, SMS, MMS, як барномаи махсуси мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ равон мекунанд.
Тавре котиби матбуоти Президенти Русия Дмитрий Песков қайд кард, аксари саволҳо ба масъалаи коронавирус ва эмкунӣ рабт доранд.
Чун анъана, хати мустақим бо Владимир Путин соати 12:00 ба вақти Маскав оғоз ёфта, дар Гостиний Двори шаҳри Маскав баргузор мешавад.
Чорабиниро тамоми шабакаҳои федеролии телевизион ва радио пахш мекунанд.
Пахши онлайн барои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ дастрас хоҳад буд. Дарозтарин суҳбати мустақим бо Владимир Путин моҳи декабри соли 2010 сурат гирифта буд.
Он замон, президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа суҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.
Ба гуфти Владимир Путин, суҳбати мустақим пурқудраттарин пурсиши сотсиологӣ мебошад, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад мавқеъ ва арзёбии худро ба роҳбарияти Федератсияи Русия расонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала