Тими Душанбе - 2 пирӯзи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи волейбол гардид

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, тими Душанбе - 2 ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи волейбол гардид
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2021 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ мусобиқа оид ба волейбол баргузор шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар финал тими Душанбе-2 бар дастаи Душанбе-1 пирӯз шуда, ҷои аввал гирифт.
Дар маҷмуъ дар мусобиқа 7 дастаи мардон – Душанбе -1, Душанбе - 2, Хатлон - 1, Хатлон - 2, Суғд, ВМКБ ва ШНТМ нахуст дар ду гурӯҳ бозӣ карданд. Дар гурӯҳи А тимҳои Душанбе - 1, ВМКБ, Хатлон - 2 ва дар гурӯҳи Б дастаҳои Хатлон - 1, Душанбе - 2, Суғд, ШНТМ қувваозмоӣ карданд.
Мусобиқаи ҳендбол дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Пирӯзии тими Душанбе дар сабқати ҷумҳуриявӣ дар риштаи ҳендбол
Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки дастаҳои Душанбе - 1, ВМКБ аз гурӯҳи “А”, Душанбе - 2, Суғд аз гурӯҳи “Б” дар нимфинал бозиҳояшонро идома доданд. Дар ин давр Душанбе -1 бар дастаи Суғд ва Душанбе - 2 бар тими ВМКБ пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфтанд.
Дар финал тими Душанбе-2 бар дастаи Душанбе-1 ғолиб гардид ва дар дар бозӣ барои ҷои сеюм тими ВМКБ дастаи Суғдро шикаст дод.
Дар мусобиқаи волейболбозӣ миёни бонувон, ки дар Хоруғ бо иштироки 5 даста баргузор шуд, тими ВМКБ ҷои аввалро ишғол намуд. Дастаи Душанбе ҷои дуюм, Суғд ҷои сеюмро соҳиб гардиданд.
Барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2021, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 21 май шуруъ гардид, 15 намуди варзиш ворид буд, 30-юми июн бо натиҷагирии мусобиқаи бокс анҷом меёбад.
Лентаи хабарҳо
0