Владимир Путин гуфт, ба кӣ итоат мекунад

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Президенти Русия Владимир Путин зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия ба суоли "ба кӣ итоат мекунад", посух дод
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ӯ ба мардуми Русия итоат мекунад.
"Президент ба халқи Русия - интихобкунанда итоат мекунад", - қайд кард Владимир Путин.
Путин таъкид кард, ки мардум худ интихобашонро мекунанд ва раҳбари давлат ба "онҳое, кӣ ба ӯ бовар кардаанд", итоат менамояд.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Путин гуфт, қудратро ба дасти кӣ месупорад
Чун анъана, суҳбати мустақими президенти Русия бо мардум ҳар сол баргузор мешавад. Бори аввал кишвардор дар чунин формат соли 2001 бо мардум гуфтугӯ карда буд.
Тӯлонитарин суҳбати ӯ бо сокинони Русия дар соли 2010 сурат гирифт. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа суҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала