Зодрӯзи Нусратулло Махсум: рӯзи 1 июл дар таърих

© Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 1 июля
День 1 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Обуна шудан
Рӯзи 1 июл Дар Руанда – Рӯзи Истиқлолият, дар Гана – Рӯзи ҷумҳурӣ ва дар Чин– Рӯзи Ҳизби Коммунистӣ мебошад

Рӯзи 1 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1875 Иттифоқи байналмилалии почтаҳо ба фаъолият шурӯъ намуд.
Соли1947 Созмони байналмилалии кумак ба гурезагон дар назди СММ таъсис дода шуд.
Соли 1966 Фаронса аз Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) баромад.
Соли 1994 Бразилия пули миллиашро аз крузейро ба реал иваз кард.

Рӯзи 1 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Украина дар бозии финалии Чемпионати Аврупо оид ба футбол иштирок намуд.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов ифтитоҳ гардид.
Соли 2010 бо Фармони Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведов шаҳрванди Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов бо ордени интернатсионалистӣ "Барои хизмат ба Ватан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, дараҷаи III" қадрдонӣ карда шуд.
День 30 июн нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Зодрӯзи Майк Тайсон ва Раҷабалӣ Ҷалилов: 30 июн дар таърих
Дар Сафорати Федератсияи Русия дар оҷикистон маросими супоридани ҷоиза баргузор гардида, ҳамзамон зикр шуд, ки "ҳамватани мо бо ин ҷоиза соли 1989 қадрдонӣ шудааст ва он ҳоло қаҳрамони худро пайдо кард".
Соли 2010 Президенти Тоҷикистон ва Роҳбари Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия Виктор Иванов масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуданд.
Соли 2010 хати барқи "Варзоб-Айнӣ", ки водии Зарафшонро бо барқи нисбатан арзон таъмин менамуд, ба истифода дода шуд.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид.
День 28 июн нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Зодрӯзи Муҳаммадато Таваллоев: рӯзи 28 июн дар таърих
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт машварати корӣ доир намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 1 июл

Дар Руанда – Рӯзи Истиқлолият.
Дар Гана – Рӯзи ҷумҳурӣ.
Дар Чин– Рӯзи Ҳизби Коммунистӣ.
Дар Арманистон – Рӯзи кормандони прокуратура.
Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони андоз.

Рӯзи 1 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1881 — Нусратулло Махсум, Қаҳрамони Тоҷикистон, ходими давлатӣ.
Соли 1935 — Ҳотам Пулодов, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0