Аҳмадзода ба дидори Шаҳрванди фахрии 85-солаи Хуҷанд рафт

© Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷад Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Хосият Зокироваи 85 сола шуд
Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Хосият Зокироваи 85 сола шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Обуна шудан
Ходими давлатӣ, собиқадори хизмати давлатӣ, Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Хосият Зокироваи 85 сола шуд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба дидори шаҳрванди фахрии Хуҷанд Хосият Зокирова, ки 85-сола шуд, рафт, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд.
Бино бар иттилои манбаъ, Хосият Зокирова ходими давлатӣ ва собиқадори хизмати давлатӣ низ ҳаст.
"Зиндагиномаи ҳар як шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон як мактаби таҷрибаи ҳаёт мебошад. Аз ин лиҳоз омӯзиши ҳаёту фаъолияти онҳо дар тарбияи эҳсоси наҷиби ватандӯстӣ, садодату хизмат ба Ватан ва худшиносии миллӣ зарур аст", - изҳор доштааст Аҳмадзода.
Ахмадзода поведал 100-летную ветеранку труда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Аҳмадзода ба дидори пиллапарвари номии Суғд, Эргашой Умароваи 100-сола рафт
Хосият Зокирова 30-юми июни соли 1936 дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз соли 1960 то соли 1964 дар мактаби ҳаштсолаи № 17-уми ноҳияи Ашт ба ҳайси сарвар, аз моҳи августи соли 1964 то соли 1965 ҳамчун методисти шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе фаъолият бурдааст.
Минбаъд фаъолияти меҳнатии худро дар шуъбаи кор бо ноболиғони комиҷроияи шаҳри Ленинобод (Суғди имрўза), ҷонишини директор оид ба корҳои беруназсинфии мактаби миёнаи № 12-и шаҳри Хуҷанд идома додааст.
Аз соли 1971 то соли 2002 дар вазифаҳои мухталифи ҳукумати вилояти Суғд кор кардааст. Маҷмуан Хосият Зокирова 58 соли умри хешро сарфи фаълият дар умури давлатӣ намудааст.
Хосият Зокирова барои дарки масъулияти баланд ва ҳисси меҳнатдўстӣ борҳо бо мукофотҳои соҳавию давлатӣ, аз ҷумла, бо унвони "Корманди шоистаи Тоҷикистон" ва "Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд" сарфароз гардидааст.
Аҳмадзода кӯдакони маъюбро аёдат карду ваъда дод нафақаашон 20 фоиз зиёд мешавад
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Амадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ходими давлатӣ, собиқадори хизмати давлатӣ, Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Хосият Зокироваи бо ҷашни 85-солагиаш табрику таҳният гуфта, барояш тансиҳатии комил, хотири ҷамъ ва ҳаёти осоиштаро орзу намуданд.
Хосият Зокирова аз ин таваҷҷуҳи Роҳбарияти Давлату Ҳукумат арзи миннатдорӣ намуда, барои амну осоиштагии кишвари маҳбубамон-Тоҷикистони азиз дуои хайр намуд.
Лентаи хабарҳо
0