"Аз ӯ мепурсиданд, ки Санам куҷост": ҳасрати Савригул аз даргузашти "бобои Ғаффор"

© Акс аз бойгонии Савригул ҚурбоноваСавригул Қурбонова, ҳунарманди тоҷик
Савригул Қурбонова, ҳунарманди тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Обуна шудан
Савригул Қурбонова, "Санам"-и "бобои Ғаффор"- Убайдулло Раҷабов, ҳунарманд ва мураббии рақси ансамбли Лола хотираҳояшро дар бораи ҳунарманди марҳум варақгардон кард
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Санам - қаҳрамони филми "Муҷассамаи ишқи"-и коргардони тоҷик Умед Мирозоширинов дар хотири тамошобинони тоҷик чунон нақш баст, ки ӯ баъди 18 соли офаридани ин нақш, то ҳол барои бисёре аз ҳаводоронаш Санам аст. Аммо номи ӯро то имрӯз танҳо намегирифтанд, "Санам"-и "бобо Ғаффор".
Имрӯз, 1 июл ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов, ҳамон "бобои Ғаффор" аз филми "Муҷассамаи ишқ" даргузашт.
Sputnik Тоҷикистон хотираҳои Савригул Қурбоноваро аз ҳунарманди номӣ ва аз ҳамон нақше, ки ба ӯ ва Убайдулло Раҷабов шӯҳрати беандоза овард, пурсон шуд.
Қурбонова, Убайдулло Раҷабовро устоди худ ва саҳна медонад. Ӯро чун бузургтарин ҳунармандони тоҷик ёдрас мешавад ва аз даргузашташ изҳори таассуф мекунад.
"Убайдулло Раҷабов, устоди саҳна, яке аз беҳтарин ҳунармандон буданд. Нақшҳоро табиӣ мебозиданд. Хушмуомила, хушрафтор ва бомаданият буданд", - мегӯяд Қурбонова.
Ҳунарманд меафзояд, дунёи филмофарӣ чунин аст, ки ҳунармандон дар саҳна рӯбарӯ мешаванд, нақши духтару модар, зану шавҳар, дӯст, душман ва ғайраро мебозанд ва замоне аз саҳна баромаданд, ҳар кас бо роҳи худ меравад. Аммо баъди филми "Муҷассамаи ишқ" номи Савригул то абад бо "Бобои Ғаффор" тавъам гардид.
Убайдулло Раҷабов Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
“Никулини тоҷик” ва Бобои Ғаффори мардум: Убайдулло Раҷабов кӣ буд?
"Гарчанде ман устод Раҷабовро аз наздик намешинохтам, мутаассифона, лекин аз он ки чорабиниҳо рӯбарӯ мешудаму дар намоишномаву филмҳо медидам, гуфта метавонам, ки беҳтарин шахсият буданд", - таъкид мекунад вай бо таассуф.
Ба қавли Савригул, "Муҷассамаи ишқ" ягона филмест, ӯ бо Убайдулло Раҷабов нақш офарид. Аммо, ҳатто ҳамагӣ як моҳ пеш бо қаҳармони он, ошиқи маҷозияш бобои Ғаффор вохӯрда буду Убайдулло Раҷабовро бардам дарёфт.
"Тақрибан як моҳ пештар дар Филармонияи давлатӣ консерт доштем. Дар ҳамон ҷо ногаҳон устодро дидам. Наздашон рафтам то аҳволпурсӣ кунам. Ногаҳ гуфтанд, "имрӯз аз хона баромадам, ки як муйсафед пурсид, Санам дар куҷост, ки шумо дар ин ҷо гаштаед. Ман ҳам шӯхӣ карда гуфтам, ки дар хона хӯрок мепазад". Баъд гуфтанд, ки мабодо хафа нашавам. Ман бошам дар ҷавоб гуфтам, "аз ман ҳам то ҳол мепурсанд, ки бобои Ғаффор куҷост", - ба хотир меоаварад ҳунарманди тоҷик.
Вай меафзояд, ҳурмату эҳтироми Убайдулло Раҷабов дар назди ӯ чунон бузург буд, ки вақте нақши Санамро мебозид, наметавонист ҳамон саҳнаеро ки коргардон ӯҳдадораш кард, бозад.
"Дар наздам бисёр мартабаи баланде доштанд, ки ҳамон ишваҳои Санамро дар наздашон карда наметавонистам. Хушбахтона, фикр мекунам, ҳарду ҳам аз ӯҳдаи иҷрои нақш баромадем, ки то ҳол Бобои Ғаффору Санам номамон мебаранд", - таъкид мекунад вай.

"Муҷассамаи ишқ"

"Муҷассамаи ишқ" — филми тоҷикии соли 2003 бо коргардонии Умед Мирзоширинов ва филмноманависии Аброр Зоҳир, истеҳсоли киностудияи Тоҷикфилм аст.
Достони филм дар бораи писаре бо номи Неъмат қисса мекунад, ки падару модар надораду дар хонаи аммааш Санам зиндагӣ дорад. Неъмат ба Зебӣ, духтари аз худаш чанд сол бузургтар ошиқ мешавад, аммо Зебӣ бо номзади худаш, як муаллим издивоҷ мекунад.
Дар ҳамсоягии Санам пирмарде бо номи Ғаффор хона дорад, ки ӯ ба Санам ошиқ аст ва ҳар гоҳ гӯсфандони Неъмат ба боғи ӯ медароянд, ӯ гӯсфандонро дар ҳавлииаш маҳкам карда аммаи Неъмат, Санамро даъват мекунаду ба як нози Санам гӯсфандонро дубора раҳо месозад.
Умед Мирзоширинов дар нахустин кинофестивали байналмилалии "Дидор", ки соли 2004 баргузор шуда буд, бо филми маъруфи "Муҷассамаи ишқ" ғолиби озмун шуда буд. Ҷоизаи асосии филм шуӯҳраташ байни мардум аст.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов

Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.
Убайдулло Раджабов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Гиряву хандаи Убайдулло Раҷабов: нақшҳои дидании ҳунарманд дар театр ва кино - видео
Убайдулло Раҷабов хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982) мебошад.
Фаъолияти кории худро Убайдулло Раҷабов соли 1968 дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст.
Солҳои 1970-1989 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд. Аз соли 1990 то 2000 ба ҳайси роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина", фаъолият кард.
Солҳои 2000—2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2004 бошад, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии "Пойтахт-80" ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина" фаъолият мекард.
Ҳамзамон аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ буд.
Даргузашти Убайдулло Раҷабов барои фарҳанги тоҷик талафоти бузург аст.

Санам - Савригул Қурбонова

Савригул Қурбонова — раққоса ва ҳунарпешаи синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990).
Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода.
Солҳои 1978-1981 раққосаи ансамбли "Зебо"-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, 1981-1985 раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1985-2000 сарбалетмейстери ансамбли давлатии рақсии "Лола", 2000-2003 роҳбари бадеии ансамбли "Сомон" кор кардааст.
Савригул Қурбонова аз 15 солагӣ дар филмҳо нақш офаридааст. Дар филмҳои "Агар дӯст дорӣ...", "Хоҷа Насриддин", "Муҷассамаи ишқ", "Худкуш", "Бигзор ҳамаи ин хоб бошад" ва дар студияи "Ленфилм" чанд нақши марказиро бозидааст.
Лентаи хабарҳо
0