Убайдулло Раҷабов даргузашт

© Sputnik / Амир Исоев Убйдулло Раҷабов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
Убйдулло Раҷабов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Обуна шудан
Убайдулло Раҷабов Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар синни 80 - солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Бино ба гузориши манобеи Sputnik Тоҷикистон, ҳунарпеша нисфирӯзӣ дар манзилаш дар шаҳри Душанбе вафот кард.
Фарҳангиён, шогирдону ҳаводорони ҳунарманди номдор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба аҳли хонаводаву ёру дӯстон, изҳори ҳамдардӣ карда аз марги ӯ изҳори таассуф мекунанд.
Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.
Убайдулло Раҷабов хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982) мебошад.
Фаъолияти кории худро Убайдулло Раҷабов соли 1968 дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст.
Аловуддин Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Мотам дар хонаводаи Аловуддин Абдуллоев: бародараш нобаҳангом даргузашт
Солҳои 1970-1989 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд. Аз соли 1990 то 2000 ба ҳайси роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина", фаъолият кард.
Солҳои 2000—2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2004 бошад, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии "Пойтахт-80" ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина" фаъолият мекард.
Ҳамзамон аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ буд.
Даргузашти Убайдулло Раҷабов барои фарҳанги тоҷик талафоти бузург аст.
Лентаи хабарҳо
0