Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Дастури мақомот ба беморхонаи марказии Норак: либоси тиббиву доруворӣ дастрас намоед

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация от коронавируса
Вакцинация от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Мақомоти шаҳи Норак аз паҳншавии вируси корона дар қаламрави Тоҷикистон нигарон шудааст, ба ҳамин хотир тасими гирифтааст корҳои фаҳмондадиҳиро миёни марду оид ба пешгирӣ аз бемории сироятӣ боз ҳам пурзӯр намояд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак ахиран дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти шаҳр Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баргузор гардид.
Гуфта шудааст, ки раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аъзои ситод, фаъолони шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро вазифадор намуд, ки дар ҳудуди шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.
Ҳамзамон, бо пешниҳоди Ситоди шаҳрӣ ба беморхонаи марказӣ барои дастрас намудани сару либоси тиббӣ ва маводҳои доруворӣ ба мақомоти иҷроияи шаҳр дастур дода шуд.
Медсестра в инфекционной клинической больнице №2 Департамента здравоохранения города Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Эълони омори нави гирифторӣ ба COVID дар Тоҷикистон: вазорат мегӯяд фавт нест
Ёдовар мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Ин ниҳод, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала