Даъвати Рустами Эмомалӣ барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон

© Госдума РФГлава парламента Таджикистана Рустам Эмомали
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) даъват кардааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хатарҳои анъанавиву муосир талошҳои муштарак ба харҷ диҳанд
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СПАД суҳбат мекард, нахуст аз афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон, ки дар соли 2021 идома дорад, гуфт.
Вай афзуд, СПАД омили нигаҳдории сулҳу пойдорӣ дар минтақаи таҳти масъулияташ буда, Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилаи кишварҳои аъзо дар доираи созмон аҳамияти афзалиятнок медиҳад ва ҷонибдори кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ба даст овардани ҳадафҳои оинномавии он мебошад.
“Аз ин рӯ, афзалиятҳои раванди раёсати Тоҷикистон тамоми ҷанбаҳои амалу ҳамкориҳои мутақобила дар бахши мудофиа ва амниятро, ки дар Нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби Президенти Тоҷикистон тасдиқгардида ва Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар СПАД инъикос ёфтааст, фаро мегирад. Дар ин робита тавсеаи амалҳои якҷоя дар масири Ассамблеяи Парлумонии СААД ҳамчун яке аз самтҳои асосии раёсати мо ба ҳисоб меравад”, - гуфт Рустами Эмомалӣ.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Викторович Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ба бештар кардани парвозҳо бо Русия ба мақомдори баландпояи рус
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар идомаи суханронии худ аз масъалаҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши сиёсӣ, баланд бардоштани самаранокии муборизаи муштарак бар муқобили таҳдиду хатарҳои анъанавию муосир ба амният, аз ҷумла терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва киберҷинояткорӣ гуфт.
“Бо таваҷҷуҳ ба тезутунд гардидани вазъият дар арсаи байналмилалӣ, бахусус вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла дар Афғонистон ҷалби фаъолонаи воситаҳои сиёсиву дипломатӣ барои ҳалли қазияи афғонӣ, инчунин андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон тақозо мегардад”, - гуфт Рустами Эмомалӣ.
Вай дар робита бо пандемияи бемории КОВИД-19 бар аҳамияти муттаҳид сохтани талошҳо барои татбиқи тадбирҳои таъмини бехатарӣ аз хавфи бемориҳои сироятӣ ва идомаи корҳо ҷиҳати таъмини амнияти тиббию биологӣ таъкид кард.
Сотрудник национальной обороны Афганистана на посту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Нигаронии кишварҳои узви СААД аз амалиёти низомӣ дар шимоли Афғонистон
Ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СПАД имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати раиси ин Шӯро, ҳамзамон раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Русия Вячеслав Володин баргузор шуд. Дар ин ҷаласа роҳбарон ва ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СПАД –Русия, Тоҷикистон, Белорус, Қирғизистон ва давлатҳои нозири ин созмон – Афғонистон ва Сербия, инчунин роҳбарияти Котиботи СПАД баргузор шуд.
Ҳайатҳои парлумонии Арманистон ва Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СПАД ба таври маҷозӣ ширкат намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала