Гиряву хандаи Убайдулло Раҷабов: нақшҳои дидании ҳунарманд дар театр ва кино - видео

© Убайдулло РаджабовУбайдулло Раджабов
Убайдулло Раджабов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Хаҷвнигори машҳур, коргардон ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабо дар синни 80-солагӣ аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳунарманди асил ва коргардони бомаҳорат Убайдулло Раҷабов дар рушди фарҳанги тоҷик саҳми беандоза дорад. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз офаридани нақшҳои нав ва намоиши образҳои гуногун ҳарос надошт.
Ҳунарпеша ба осонӣ метавонист нақши як раисро бозаду дарҳол ба зани шарқӣ бадал шавад, мудири сахтгире дар мактаб бошаду деҳқони оддӣ гардад. Вале дар баробари бозидани ҳамагуна нақшҳо ӯ ҳамин Убайдулло боқӣ мемонд.
Аз ӯ ҳарос доштанд ва онҳое, ки мавриди таваҷҷуҳаш қарор мегирифтанд, фахр мекарданд. Ӯ метавонист ҳамзамон ҳам сахтгир ва ҳам меҳрубон бошад. Ҳеҷ кас на ҳамкорон ва на мухлисон нисбати шахсият ва ҳунари ӯ бетафовут набуданд.
Sputnik Тоҷикистон нақшҳои дидании Убайдулло Раҷабовро, ки боиси шуҳрати беандозаи ҳунарманд шуданд, гирд овард.

Нақшҳои драммавии Убайдуллло Раҷабов дар синамо

Соли 1986 филми шӯравии "Салом, Гулнора Раҳимовна" рӯи экран баромад, ки дар он Раҷабов нақши муаллими сахтгири мактаб Карим Пулатовичро мебозад.
Беш аз 34 сол сипарӣ шуд, аммо барои аксарият ин нақши мудири мактаб, ки мушоҳида мекард, чӣ гуна муаллимаи мусиқӣ Гулнора Раҳимовна муҳаббат ва эътирофи шогирдон ва эҳтироми муаллимонро ба даст овард, ҳамеша дар ёди онҳо боқӣ мемонад.
Яке аз охирин асарҳои ҳунарманди тоҷик филми "Чарх" буд, ки дар студияи "Тоҷикфилм" ба навор гирифта шудааст. Дар ин филм нақши асосиро Убайдулло Раҷабов бозидааст.
Дар ин филм, ҳунарманд нақши бобои солхӯрда ва оқилро мебозад, ки рӯзҳои худро бо наберагонаш паси сар мекунад, ба онҳо роҳи дурусти ҳаётро нишон медиҳад ва аз иваз кардани зиндагии шаҳр ба деҳа намеҳаросад.

Подшоҳи ҳаҷв

Ғайр аз нақш дар филмҳо, бинандагони калонсол намоишҳои хурди телевизиониро, ки дар аввали солҳои 90-ум дар телевизиони Тоҷикистон намоиш дода мешуданд, хуб дар хотир доранд.
Убайдулло Раҷабов - аз камтарин ҳунармандонест, ки симои як марди муосири тоҷикро тасвир мекард, бо нақшҳои ҳаҷвӣ мушкилоти ҷиддиро пеш мегузошт ва аз хандаовар буданаш шарм намедошт.
Ҷойгоҳи махсусро дар фаъолияти актёр намоишномаи телевизионии Соҷида Ғуломова "Зани Оҳанин" ишғол мекунад, ки дар он Раҷабов нақши шавҳари беэҳтиётро мебозад, ки зери дасти як зани рашкин афтодааст.
Образи комилан муқобили қаҳрамон дар комедияи машҳури ҳаҷвии "Нотиқбой" таҷассум ёфтааст, ки дар он шавҳари лаққӣ (Убайдулло Раҷабов) ҳамсарашро чун дар маҷлиси ҳизб мазаммат карда, ба модараш ибораи машҳурро мегӯяд - "Рафиқ бибӣ, набераатро ором кунед".
Мавқеъи махсусро дар эҷодиёти Убайдулло Раҷабов намоишномаҳои ҳаҷвии ӯ ишғол мекунанд. Дар он намоишҳо Убайдуллоев дар ҳама гуна мавзӯъҳо ошкоро шӯхӣ мекунад ва бадбахтиҳои ҷомеаро рӯнамоӣ менамояд.
Як ҳиссиёти ирсии беназири ҳаҷвнигорӣ ҳар як намоиши Раҷабовро ба як асари классикӣ табдил медод, ки иқтибосҳо аз он рӯзи дигар аз даҳони мардум шунида мешуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳунарманди маъруф, коргардон, собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов нисфирӯзии 1 июл дар манзилаш дар Душанбе дар синни 80-солагӣ даргузашт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала