Конор аввалу Ҳабиб дуюм: номи сарватмандтарин размикорони ММА маълум шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкХабиб Нурмагомедов посетил турнир EFC 36
Хабиб Нурмагомедов посетил турнир EFC 36 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Обуна шудан
Доромандтарин размикор дар таърихи ММА Конор Макгрегор мебошад, ки бойигарии ӯ 400 миллион долларро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳабиб ҳарчанд аз ҷиҳати қувваи бозу аз Конор қавитар бошад ҳам, лек аз лиҳози дороӣ размикори ирландӣ муваффақтар аст.
Нашрияи South China Morning Post рӯйхати сарватмандтарин размикорон дар таърихи ММА - ро нашр намуд, ки дар ин феҳраст Конор Макгрегор садрнишин шуд.
Бар хабари манбаъ, дороии Макгрегор ба 400 миллион доллар баробар аст.
Дар мақоми дуввум размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов қарор дорад ва бойгарии ӯ 40 миллион доллар рақам зада мешавад.
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Замони баргузории мусобиқаи Ҳабиб дар Қирғизистон маълум шуд
Зимнан, мақоми сеюмро собиқ қаҳрамони UFC Жорж Сен-Пьер бо 30 миллион доллар ва ҷойи чорумро Брок Леснар қаҳрамони собиқи UFC дар вазни вазнин бо 25 миллион доллар аз худ намуданд. Дар ҷойи баъди Би Джей Пенн бо 22 миллион долар бойгарӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2020 размикори 32 - солаи доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз пирӯз шудан бар ҳамтои амрикоии худ Ҷастин Гейҷӣ тарки корбурди варзишӣ кард.
Ба ҳамин минвол, Ҳабиб дар фаъолияти варзишии худ 29 набард наҷом додааст, ки боре ҳам мазаи мағлубият начашидааст.
Лентаи хабарҳо
0