Оғози имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон: ММТ мегӯяд, беш аз 100 ҳазор сабти ном шудааст

© Sputnik Амир ИсаевВступительные экзамены в вузы, архивное фото
Вступительные экзамены в вузы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз имтиҳоноти дохилшавӣ ба доннишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ММТ, имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои "А" (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва "Б" (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои дохилшавандагони соли таҳсили 2021 оғоз гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ аз 1 март то 30 апрели соли равон шумораи номнависшудагон 103429 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи зикргардида 91504 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд.
Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2021
Баҳси Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо Вазорати маориф сари триместр
Манбаъ мегӯяд, имрӯз дар ин имтиҳон иштироки 14 ҳазору 261 нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшудаи гурӯҳи ихтисосҳои 1-умро интихобкарда дар назар аст.
Гуфта мешавад, давраи асосии имтиҳонҳо мувофиқи ҷадвали муқарраршуда дар 47 маркази имтиҳонӣ дар 18 шаҳру ноҳия доир мешавад.
Дафтари матбуотии ММТ мегӯяд, кормандони муваққатию доимӣ ва шахсони дигари дар марказҳои имтиҳонӣ ба кор ҷалбгардида, ки барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият мекунанд.
Гуфта мешавад, эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) то 20 июли соли равон муайян карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0