Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ба бештар кардани парвозҳо бо Русия ба мақомдори баландпояи рус

© Дафтари матбуоти Маҷлими миллии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Викторович Володин
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Викторович Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Думаи давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Валодин мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мулоқот бо раиси Думаи давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Валодин пешниҳод кард, ки шумораи парвозҳо бештар карда шаванд.
Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, дар мулоқоте, ки имрӯз Рустами Эмомалӣ ва Вячеслав Володин дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ анҷом доданд, мавзӯи парвозҳо ва муҳоҷирон калидӣ буд.
"Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар ин самт тадбирҳои мақсаднок, аз ҷумла барқарорсозии парвозҳои мунтазам ва рафтуомади бемонеаи шаҳрвандон, таҳия ва амалӣ гарданд", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармояи русӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, мавҷудияти захира ва иқтидори васеъ барои афзоиш додани ҳаҷми савдои мутақобила, ҷалб намуд.
© Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Викторович Володин
Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Русия  Вячеслав Викторович Володин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Викторович Володин
"Роҳандозӣ намудани истеҳсолоти муштараки маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз технологияҳои русӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ичунин содироти минбаъдаи он ба бозорҳои Русия, таъкид гардид", - афзудааст дафтари матбуотӣ.
Рустами Эмомалӣ ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстонаи тиббӣ, аз ҷумла барои ташхиси бемории COVID-19 изҳори миннатдорӣ кардааст.
Маориф, амният ва вазъи феълӣ дар Афғонистон аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русия буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала