Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Раҷабов ҳам аз коронавирус даргузашт: замони ҷанозаи ӯ маълум шуд

© Страница Убайдулло Раджабова в FacebookУбайдулло Раджабов
Убайдулло Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов низ қурбони бемории коронавирус шудааст
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Сабаби марги ҳунарманди номдори Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов маълум шуд.
Манобеи Sputnik дар таъйиди ин хабар гуфт, Раҷабов соати 2 - и ба вақти Душанбе дар манзили истиқоматии худ аз олам чашм пӯшид. Илати марги ӯ бемории коронавирус гуфта мешавад.
Ҳунарманд 80 сол дошт ва намози ҷанозаи ӯ имрӯз, 1 июл, соати 16:30 дақиқа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Устод Убайдулло Раҷабов дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад.
Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.
Убйдулло Раҷабов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Убайдулло Раҷабов даргузашт
Убайдулло Раҷабов хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982) мебошад.
Фаъолияти кории худро Убайдулло Раҷабов соли 1968 дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст.
Солҳои 1970-1989 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд. Аз соли 1990 то 2000 ба ҳайси роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина", фаъолият кард.
Солҳои 2000—2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аловуддин Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Мотам дар хонаводаи Аловуддин Абдуллоев: бародараш нобаҳангом даргузашт
Аз соли 2004 бошад, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии "Пойтахт-80" ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина" фаъолият мекард.
Ҳамзамон аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ буд.
Даргузашти Убайдулло Раҷабов барои фарҳанги тоҷик талафоти бузург аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала