Аз рублу доллар то евро: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонк6244337
6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули аврупоӣ боз поин рафтаву доллар ва рубд каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1549 сомонӣ нишон дода шудааст. Дирӯз арзиши 1 рубли русӣ 0.1552 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Қурби доллар бошад, ҳамоно устувориро нишон медиҳад ва дирӯз пас аз чанд моҳ каме боло рафт. Тибқи нишондоди БМТ ҳоло 1 доллар 11.3210 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз низ каме поин рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.4437 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13,4550 сомонӣ муқаррар шуда буд.
График рубля на стене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Иқтисоддон гуфт, кадом омилҳо ба таҳкими рубл кумак хоҳанд кард
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3210 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.4437 то 13.5800 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1549 то 0.1565 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0