Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар соҳаи мудофиа тақвият хоҳанд дод

© Sputnik Искандар Аминов / Гузаштан ба хазинаи аксСпецназ Таджикистана на 201-й российской военной базе, архивное фото
Спецназ Таджикистана на 201-й российской военной базе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин ва Роҳбари Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ тақвияти ҳамкориҳоро дар соҳаи мудофиа баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин ва роҳбари палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Душанбе музокиротро ба анҷом расониданд.
Мулоқот дар доираи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД баргузор гардид.
Вячеслав Володин ва Рустами Эмомалӣ ҳамкорӣ ва мубориза алайҳи таҳдидҳои фаромиллиро самти асосии муносибатҳои Русияву Тоҷикистон номиданд.
"Вазъияти ноустувор ва номуайян дар марз идомаи муколама дар бораи мушкилоти Афғонистон, таъмини доимии омӯзиши низомӣ ва тақвияти ҳамкориҳо бо Русияро дар соҳаи мудофиа, амният ва ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ тақозо мекунад", - гуфта мешавад дар изҳороти ниҳоӣ.
Ғайр аз он, ҷонибҳо масъалаҳои рушди шарикии стратегӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд.
Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин рӯзи 1 июл бо сафари расмӣ ба Душанбе омад. Дар доираи сафар, ӯ дар ҷаласаи Ассамблеяи Парлумонии СААД ширкат варзид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала