Сафири Арабистон ба Нозирӣ эътимоднома супурд

© ВКХ ТоҷикистонСафири Арабистони Саудӣ ба Нозирӣ эътимоднома супорид
Сафири Арабистони Саудӣ ба Нозирӣ эътимоднома супорид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба сафири навтаъини Арабистони Саудӣ комравоӣ таманно кард
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз як сафири навтаъйин ба намояндаи Вазорати умури хориҷа эътимоднома супурд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 1 июл, муовини якуми вазири умури хориҷа Хусрав Нозирӣ сафири навтаъйини Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта мешавад, Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон ба Хусрав Нозирӣ эътимоднома супурд.
Каримӣ ба шоҳи Арабистони Саудӣ эътимоднома супурд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Каримӣ ба шоҳи Арабистони Саудӣ эътимоднома супурду паёми Раҳмонро расонд
Манбаъ меафзояд, дар мулоқот масъалаҳои густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Арабистони Саудӣ дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон орзуи комравоӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала