Шартнома имзо шуд: Суғд ба Қазоқистон зардолу содирот мекунад

© Sputnik / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдИмзои шартмонаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои “Зеерновая компания”-и Тоҷикистон ва “МССтрейд компани”-и Қазоқистон
Имзои шартмонаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои “Зеерновая компания”-и Тоҷикистон ва “МССтрейд компани”-и Қазоқистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Мақомоти Суғд аз имзои шартмонаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои “Зеерновая компания”-и Тоҷикистон ва “МССтрейд компани”-и Қазоқистон хабар доданд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, ахиан раиси вилоят бо вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Бакит Султонов дидору гуфтугӯ кард.
Таъкид шудааст, ки ҳар ду тараф зимни суҳбат барои густариши ҳамкориҳо ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки робитаҳои шарикии стратегии ду кишвари тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.
“Аз ҷумла, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва Қазоқистон 370,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 72,9 миллион доллар зиёд аст”, - таъкид дошт Аҳмадзода.
Яблоки на дереве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Аз ноҳияи Ашт 400 тонна меваи тар ба Русия ва Қазоқистон содир гардид
Ҳамзамон раиси вилоят илова кард, ки сафари вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон ва ҳайати соҳибкорони ин кишвар барои таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид ва умед аст, ки доираҳои тиҷоратии ду кишвар минбаъд низ бо истифода аз имкониятҳо робитаҳоро тақвият мебахшанд.
Қайд шудааст, ки дар поёни мулоқот миёни ширкатҳои “Зерновая компания” –и Тоҷикистон ва “МССтрейд компании”-и Қазоқистон дар самти содироти меваҳои шаҳдбор ба Қазоқистон шартномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 500 ҳазор доллар ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала