Сӯхтор дар "Марко Поло" - и Хоруғ ҷашни арӯсиро барбод дод - навор

© Sputnik / Кирилл ШипицинМашина пожарной службы
Машина пожарной службы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Сӯхтор дар ҳоле сар задаст, ки дар тарабхона ҷашни арӯсиву домодӣ ҷараён дошт
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ сӯхтор сар задааст. Аз наворе, ки имрӯз ба шабакаи иҷтимоии Youtube роҳ ёфтааст, маълум аст, ки сӯхтор дар тарабхонаи "Марко Поло" иттифоқ афтодааст.
Дар навор дида мешавад, ки аз болопӯши ин тарабхона дуди зиёд мебарояд ва дар берун теъдоди зиёди одамон ҷамъ омадаанд.
Ба эҳтимоли зиёд ин ҷо тӯи арӯсӣ ҷашн гирифта мешуд, аммо сӯхтори ба амаломада ин маъракаи хурсандиро барбод дод.
Пожарная машина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Сӯхтор дар бинои бисёрошёнаи шаҳри Душанбе - видео
Дар навор ҳувайдост, ки арӯсу домод дар иҳотаи чанд нафар ҷавонон аз бино берун мешаванд ва ба самти мошини дар роҳ буда, ҳаракат мекунанд.
Ҳамчунин як тан аз сӯхторнишонон низ дар ин навор намудор мешавад. Аз суҳбати роҳгузарон чунин бармеояд, ки сабаби оташсӯзӣ номаълум аст.
"Марко Поло" яке аз калонтарин тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ ба ҳисоб меравад, ки сокинони ВМКБ ҷашнҳои хурсандии худро дар он ҷо баргузор мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи сӯхтор дар шаҳри Хоруғ иттилое нашр накардааст. Бо ба даст омадани маълумоти расмӣ шуморо аз тафсилоти сӯхттор огоҳ хоҳем кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала