Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ваксингирӣ бо "ЭпиВакКорона" дар Маскав мавқуф шуд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксАмпула в препаратом "КовиВак"
Ампула в препаратом КовиВак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Ваксине, ки маркази "Вектор" дар Русия таҳия намуда буд, феълан дар шаҳри Маскав тамом шудаст ва ваксингирӣ бо он мавқуф гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар Маскав ваксингирӣ бо "ЭпиВакКорона" ғайриимкон гардидааст, хабар медиҳад РИА Новости.
Манбаъ, сабаби мавқуф гузошта шудани эмгузаронӣ бо ин ваксинро ба тамом шудани он рабт дод.
"Сабти ном барои ваксингирӣ бо "ЭпиВакКорона" муваққатан боздошта шудааст. То дастрас шудани бастаҳои нави ваксин, сабти номи хоҳишмандон ба таъхир гузошта мешавад", - таъйид мешавад дар хабар.
Қаблан, айнан чунин камчинии ваксин бо "Ковивак" ҳам рух дода буд. Захираи ин ваксин рӯзи 22 июн ба анҷом расид ва бо гузашти ҳамагӣ се рӯз бастаҳои нав ворид гардиданд, вале рӯзи 28 - ум боз аз камбуди ваксини мазкур хабарҳо расиданд.
Маврид ба зикр аст, ки шабонарӯзи гузашта дар Маскав дасти кам 7 597 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид, ки аз ин миён 1690 нафар бистарии беморхона гардиданд.
 Ветеринар держит в руках шприц с препаратом Карнивак-Ков от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Раисҷумҳурону сарвазироне, ки ваксин гирифтанд: киҳо ва бо кадом дору
Ситоди фаврӣ оиди мубориза бо коронавирус дар русия мегӯяд, шабонарӯзи гузашта 108 нафар дар пойтахти Русия ҷон бохтанд.
Ҳоло 706 мариз дар Маскав зери дастгоҳи нафасдиҳиӣ сунъӣ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала