Вазири Туркия аз Бишкек ба Душанбе омад: бо Раҳмон аз амнияти марзу вазъи Афғонистон гуфт

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанВстреча с Министром национальной обороны Турецкой Республики Хулуси Аскаром
Встреча с Министром национальной обороны Турецкой Республики Хулуси Аскаром - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Хулусӣ Аскар қабл аз сафар ба Тоҷикистон меҳмони Қирғизистон буд ва бо масъулини ин кишвар дар масъалаи таъмини амнияти марз гуфтугӯ доир карда буд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Вазири мудофиаи миллии Туркия, Хулусӣ Аскарро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Президент.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар ниҳодҳои мудофиавии Тоҷикистону Туркияро баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмин намудани амнияти минтақавӣ мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосирро ҷонноктар мекунанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон принял Генерального секретаря ОДКБ Станислава Зася - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Аз вазъи душвори минтақа то таҳкими сарҳад: мулоқоти Раҳмон бо дабири кулли СААД
Дар рафти мулоқот ба таври муфассал мубодилаи афкори ҷонибҳо атрофи вазъи имрӯзаи ташвишовари Афғонистон сурат гирифт. Дар ин зимн қайд гардид, ки дарёфти роҳҳои сулҳомези қазияи Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои минтақа мебошад.
Аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвар, ҳамкории босамари кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Хулусӣ Аскар қабл аз озими Душанбе шудан меҳмони Бишкек буд ва дар масъалаи таъмин намудани амният дар марз бо масъулони он кишвар машваратҳо баргузор кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала