Инфиҷор дар маркази Маскав

© Pixabay / terimakasih0Пожарные рукава, архивное фото
Пожарные рукава, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар маркази Маскав таркиш рух дод, фавран хабар медиҳад ТАСС.
Ҳодиса субҳи имрӯз сар задааст.
Бино бар иттилои расмӣ, бинои истиқоматие мунфаҷир шудааст.
Тафсилоти ҳодиса муайян карда мешавад.
Наҷотдиҳандагон аллакай ба ҷои ҳодиса расиданд. Ҳамчунин ёрии таъҷилӣ ва намояндагони Мосгаз низ ба макони ҳодиса ҳозир шудаанд.
Феълан дар бораи ҷароҳат ва ё ҳалокати нафаре дар пайи таркиш дар бинои истиқоматӣ дар Маскав иттилоъ дода намешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала