Ҷанҷолу кордкашӣ: оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 25-сола

© Фото : ЦОС ФСБ РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки нисбати ҷавони 25-сола, ки як мардро дар кӯча корд задааст парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон нисбати ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Накати ноҳияи Спитамен парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ номбурда дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ як шахси дигар гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои ВКД-и Тоҷикистон номбурда, санаи 29-уми июни соли равон, ҳангоми дар канори роҳи мошингарди кӯчаи Спитамен қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 26-солаи сокини ҷамоати мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба тарафи чапи баданаш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ миёни ноболиғону ҷавонон изҳори нигаронӣ кард
Knife - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Кордкашӣ дар Рӯшон: масти қаблан судшуда, сокини 34 -соларо маҷрӯҳ кард
Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар Рӯзи ҷавонон гуфтааст, ки танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ё бо иштироки онҳо беш аз 4900 ҷиноят содир шудааст, ки қисми зиёди онро ҷавонони бекор содир намудаанд.
Ба гуфтаи президент, масъалаи даст ба ҷиноят задани ноболиғон низ нигаронкунанда мебошад, зеро шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад.
“Дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст”,- гуфтааст президент.
Президент гуфтааст, ки шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шудааст, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала