КҲФ аз хавфи селҳои пиряхӣ ҳушдор медиҳад

© Sputnik / Ратушенко / Гузаштан ба хазинаи аксЛедник Федченко на Памире
Ледник Федченко на Памире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз фаромадани селҳои пиряхӣ ҳушдор додааст
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Ин ниҳод дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 6 июли соли 2021 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба ин, Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳама чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд, селпартовҳо ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза кунанд, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Девушки на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Гармои шадид: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик барои 2 июл
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат тариқи ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, махсусан дар дар қитъаҳои ба хавфнок бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала