Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Мақомоти ВМКБ ба сокинон: тавсияҳои табибонро риоя кунеду бар зидди коронавирус эм шавед

© Министерство здравоохранения РТРуководство и персонал городской клинической инфекционной больницы вакцинированы от COVID-19
Руководство и персонал городской клинической инфекционной больницы вакцинированы от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон кардааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи эмкунӣ бар зидди бемории сироятии КОВИД-19 оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Мақомоти ВМКБ таъкид доштааст, ки табибон хона ба хона гашта, шахсони аз 60 — сола болоро сабти ном карда, онҳоро барои гирифтани ваксина ба бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии маҳалли истиқоматашон даъват менамоянд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Ба иттилои манбаъ, мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ВМКБ зимни санҷиши вазъи санитарӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ аз соҳибкорону тоҷирон ва харидорон даъват карданд, ки чораҳои беҳдоштиро қатъиян риоя кунанд.
Гуфта шудааст, ки бепарвоии сокинон нисбат ба ин бемории сироятӣ яке аз сабабҳои паҳншавии он мебошад.
Медработник вводит вакцину от коронавируса Спутник V в прививочном пункте по вакцинации от COVID-19 в городской поликлинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Коршиносон гуфтанд, ки пас аз ваксина алайҳи коронавирус чӣ кор кардан мумкин нест
Мутахассисони ин Марказ қайд карданд, ки мутаассифона, фурӯшандагону харидорони бозори марказӣ бемории КОВИД- 19- ро ҷиддӣ нагирифта, аз чораҳои зиддиэпидемикӣ истифода намебаранд.
“Маркази давлатии назорати санитарию эпидемологии вилоят ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ҳамарӯза дар ҷойҳои пуриздиҳом, дар терминалҳои мусофирбарӣ, мағозаву марказҳои дилхушӣ, кошонаву хӯроки умумӣ корҳои тарғиботию таблиғотиро пурзӯр карда, мардумро ба риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват мекунанд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Мақомоти ВМКБ аз бепарвоии мардум нисбат ба бемории КОВИД-19 изҳори нигаронӣ намуда, зикр карданд, ки гунаи короновирус бо номи “Делта”, ки дар кишвари Ҳиндустон ошкор шудааст, на танҳо бо суръати баланд паҳн мешавад, балки оқибатҳои хатарзо дар пай дорад.
“Ягона чораи раҳоӣ аз мубталошавӣ ба ин беморӣ ин риояи тавсияҳои табибон ва ҷиддӣ гирифтани маъракаи эмкунӣ мебошад”, -таъкид доштааст Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ВМКБ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала