Оғози пардохти ҷубронпулӣ ба мизоҷони “Агроинвестбонк” - и барҳамхӯрда

© SputnikАгроинвестбанк. Архивное фото
Агроинвестбанк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ дод, ки пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони “Агроинвестбонк” оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мегӯяд, пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи “Агроинвестбонк” аз 2 июли соли 2021 оғоз мегардад.
Таъкид шудааст, ки пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” тавассути бонк-агент “Амонатбонк” амалӣ карда мешавад.

“Пасандоздорон ё намояндагони қонунии онҳо барои гирифтани ҷубронпулӣ метавонанд ба филиалҳои “Амонатбонк”, вобаста аз минтақаи ҷойгиршавии пасандоздорон муроҷиат намоянд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки пасандоздорон ҳуқуқ доранд дар давоми то як сол барои гирифтани ҷубронпулии суғурта ба бонк-агент муроҷиат намоянд.
Хазина тавзеҳ дод, ки маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 000 сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 000 сомониро ташкил медиҳад.
“Агар як пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ ду ва ё зиёда суратҳисоби пасандозӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоб дониста шуда, ҷубронпулии суғурта аз рӯи онҳо дар ҳаҷми на зиёда аз андозаи муқаррарнамудаи қонун пардохт карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсуси ташкилоти қарзӣ пардохт хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала