Рекорди ҷаҳонӣ: маълум шуд, ки Роналду барои як паёми таблиғӣ чӣ қадар пул мегирад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкКриштиану Роналду, игрок сборной Португалия и нападающий "Ювентуса"
Криштиану Роналду, игрок сборной Португалия и нападающий Ювентуса  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Обуна шудан
Криштиану Роналду барои як паём дар Instagram 1,6 миллион доллар ба даст меорад
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Васоити ахбори омма маълумотеро ба даст овард, ки дар он арзиши як паёми таблиғотии ҳамлагари "Ювентус" ва тими миллии футболи Португалия Криштиану Роналду дар Instagram гуфта мешавад, менависад BBC News.
Маълум шудааст, ки барои як паёми таблиғотӣ дар шабакаи иҷтимоӣ, Роналду 1,6 миллион доллар мегирад.
Ҳамин тариқ, ӯ соҳиби гаронтарин сафҳаи Instagram шуд. Ҳеҷ кас дар ҷаҳон аз ин миқдор зиёдтар ба даст намеорад.
Дар ҷои дуввум дар рейтинги шабеҳ актёр Дуэйн Ҷонсон бо арзиши 1,52 миллион доллар ва дар ҷои сеюм овозхон Ариана Гранде бо 1,51 миллион доллар барои як паёми таблиғӣ қарор доранд.
Ҳамзамон, сафҳаи ҳамлагари Барселона ва тими миллии Аргентина Лионел Месси низ ба рӯйхати инстаграми гаронтарин дар байни варзишгарон дохил карда шуд.
Аргентинӣ бо 1,1 миллион доллар барои як нашр дар ҷои ҳафтум қарор дорад.
Роналдо аввалин дар ҷаҳон аст, ки дар Инстаграм шумораи рекордии пайравони худро дорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2021 Криштиану Роналду аввалин шахсе шуд, ки дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ 500 миллион пайрав пайдо кард ва дар Instagram 300 ҳамванд дошт дорад.
Лентаи хабарҳо
0