Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Амрико дар Вашингтон

© Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Дар Вашингтон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби давлатии ИМА мулоқот намуд
Дар Вашингтон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби давлатии ИМА мулоқот намуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Мулоқот дар пойтахти Амрико, Вашингтон баргузор шуд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен дирӯз, 1 июл баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, энергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ, гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои АРБИМА баррасӣ гардид.
"Иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҳамагирии Ковид-19, масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буданд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Политические консультации между США и Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Сафари Сироҷиддин Муҳриддин ба Вашингтон ва машваратҳои сиёси миёни Тоҷикистон ва ИМА
Ҷонибҳо зимни баррасии вазъият дар минтақа зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид карданд.
Ёдрас мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Амрико 14 феврали 1992 барқарор гардиданд.
Моҳи марти ҳамон сол Сафорати ИМА дар Тоҷикистон кушода шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд.
Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон вазъи марз бо Афғонистонро баррасӣ кард
То кунун Тоҷикистону ИМА 34 санадро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба имзо расониданд. Аз ин миқдор 22 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил мекунанд.
8 майи соли 1987 Созишнома оид ба бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер ба имзо расид. Соли 1997 сохтмони чойхона дар шаҳри Боулдер ва соли 1998 маросими расмии ифтитоҳи он сурат гирифт. Шаҳри Боулдер, аз ҷониби худ, ба шаҳри Душанбе “Маркази дӯстӣ-Интернет кафе”-ро тақдим намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала