Сафари Сироҷиддин Муҳриддин ба Вашингтон ва машваратҳои сиёси миёни Тоҷикистон ва ИМА

© МИД РТПолитические консультации между США и Таджикистаном
Политические консультации между США и Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Дар шаҳри Вашингтон бо ҳузури вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Вашингтон дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даври ҳаштуми машваратҳои сиёсӣ байни ду кишвар таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва иҷрокунандаи вазифаи Ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Дин Томпсон баргузор шуд.
Тавре Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар машваратҳои сиёсӣ ҳамкории дуҷониба дар чор бахш — сиёсӣ, иқтисодию муҳити зистӣ, амниятӣ ва инсонӣ муҳокима гардид.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, илмию фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Амрико дар ҳалли низои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон кумак пешниҳод кард
Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки тарафҳо инчунин дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Ёдрас мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 14 феврали 1992 барқарор гардиданд.
Моҳи марти ҳамон сол Сафорати ИМА дар Тоҷикистон кушода шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд.
То кунун Тоҷикистону ИМА 34 санадро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба имзо расониданд. Аз ин миқдор 22 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил мекунанд.
8 майи соли 1987 Созишнома оид ба бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер ба имзо расид. Соли 1997 сохтмони чойхона дар шаҳри Боулдер ва соли 1998 маросими расмии ифтитоҳи он сурат гирифт. Шаҳри Боулдер, аз ҷониби худ, ба шаҳри Душанбе “Маркази дӯстӣ-Интернет кафе”-ро тақдим намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала