“Бо дронҳои филмбардорӣ заданд”: тафсилоти ҳамла ба хонаи Устод Ато дар Мазори Шариф

© Маркази матбуоти Ҷамъияти исломии АфғонистонАто Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон ва собиқ волии Балх
Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон ва собиқ волии Балх - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Обуна шудан
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ҳамла бар хонаи Ато Муҳаммади Нур дар Мазори Шариф аз сӯи як бесарнишин анҷом шудааст. Маълум нест, ки аз кист
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Ҳоҷӣ Шафеъ, яке аз фармондеҳони Ато Муҳаммади Нур ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳамла аз сӯи тайёраи бесарнишин сурат гирифта, дар пайи он се нафар захмӣ шудаанд.
“Ҳамла бо истифода аз бесарнишин (дрон) - ҳое, ки барои филмбардорӣ истифода мешаванд ва онҳоро метавон ҳатто дар бозорҳо харидорӣ кард, анҷом шудааст. Ин ҳамла аз куҷо ва аз сӯи кӣ сурат гирифтааст, маълум нест. Қаблан дар шаҳри Кобул чунин ҳамлаҳо иттифоқ афтода буданд. Ягон ҷои ташвиш нест. Мо таҳқиқро шуруъ кардем ва ҳатман омилонро пайдо мекунем”, - гуфт Ҳоҷӣ Шафеъ.
Тафсилоти бештарро яке дигар аз шоҳидони ҳодиса дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт.
Ин нафар, ки узви Шӯрои вилоятии Балх аст, гуфт, ҳамла ҳангоми ҷаласае сурат гирифт, ки дар манзили Устод Ато масъулони аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони мардуми Балх дар Маҷлиси намояндагон ва Шӯрои вилоятӣ вазъияти вилояти Балхро баррасӣ мекарданд.
“Ҳангоми ин ҷаласа садои муҳибу хатарноке дар ҳавлии дафтар ба гӯш расид, ки баъдан мушаххас шуд, душман бо партоби ҳовон аҳли ҷаласаро ҳадаф гирифтааст. Дар ин амали душман ба Устод Ато ва ширкаткунандагони ҷаласа осеб нарасид, аммо мутаассифона, як муҳофизи Устод ва ду муҳофизи Муҳаммад Алӣ Муҳаққиқ, писари Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдат захм бардошта, мошини навъи “Ландкруизер”-и ӯ низ осеб дидааст”, - гуфт ӯ.
Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Устод Ато Калдорро озод кард
Дар ҳамин ҳол, манобеъи дигар аз захмӣ шудани ҳудуди 10 нафар ва худи Муҳаммад Алӣ Муҳаққиқ хабар медиҳанд, ки то ба ҳол таъйид нашудааст. Узви Шӯрои вилоятии Балх мегӯяд, бо ин вуҷуд, ҷаласа идома пайдо карда, як Шӯрои низомии басиҷи миллӣ дар ҳайати 9 нафар таъсис ёфт ва Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломиро раиси ин Шӯро баргузиданд.
“Тамоми аҳзоб омодагии худро дар дифоъ аз шаҳри Мазори Шариф ва ҳуҷум барои тасфияи манотиқи аз даст рафтаи вилояти Балх, баён доштанд. Дар натиҷа ҳазорон тан афроди мусаллаҳ барои басиҷи миллӣ пуштибонии худро аз нерӯҳои ҳукуматӣ изҳор карданд. Қарор аст, ин Шӯро барои озодсозии вилояти Балх аз Толибон* амалан даст ба кор шавад ва амалиётҳои худро муташаккилона ба роҳ андозад”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Ато Мухаамад Нур - бывший губернатор Балха  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
“Поин реги сӯзон, болом офтоби доғ”: Ато Муҳаммади Нур дар хати набард бо Толибон -видео
Дар ин ҷаласа масъулон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ, назири Ҷунбиши миллии исломӣ, Ҳизби ваҳдати исломии мардум, Ҳаракат исломии озод, Ҳизби ваҳдати исломии навин, Иттиҳоди шӯроҳои аҳзоби исломии Ҳизби исломӣ, Ҳаракати исломӣ, Иқтидори миллӣ, эътидоли миллӣ, Шӯрои машваратии аҳзоби исломӣ ва Ҷамъият исломӣ ширкат доштанд.
Балх дар шимоли Афғонистон вилоятест, ки дар қиёс бо дигар вилоёт камтар вулусволиҳояшро аз даст додааст. Дар ҳоли ҳозир аз 15 вулусволӣ 6 вулусволӣ ба дасти Толибон суқут кардаанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0