То сӯзану ришта: тақдими пурраи хонаҳо ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ - акс

© Sputnik Тақдими хонаҳо ба сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Сомониёни ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара
Тақдими хонаҳо ба сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Сомониёни ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Обуна шудан
Хонаҳои сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи шаҳри Исфара пурра барқарор шуданд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар Исфара ба сокинони аз муноқиҳаои марзӣ зарардида калиди хонаҳои навашонро тақдти карданд.
Тибқи иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки ҳоло дар маросими тақдими хонаҳо дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара қарор дорад, дар умум 28 манзили нав ба 29 оила тақдим шудааст.
© Sputnik Тақдими хонаҳо ба сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара
Тақдими хонаҳо ба сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Тақдими хонаҳо ба сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара
Гуфта мешавад, ин теъдод 17 хона дар деҳаи Сомониён ва 11 манзил дар деҳаи Хоҷаи Аъло ба сокинони аз муноқишаҳои марзӣ зарардида тақдим шуд.
Ба иттилои манбаъ, тақдими хонаҳо бо тамоми шароит ва асбобу анҷом бо ҳузури Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва дигар намояндагон сурат гирифт.
© Sputnik Тақдими хонаҳо ба сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара
Тақдими хонаҳо ба сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Тақдими хонаҳо ба сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара
Қаблан масъулини ҳукумати Суғд гуфта буданд, ки дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ бо қирғизҳо дар умум манзили истиқоматии 27 оила дар деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара тахриб шудаанд.
Баъзе аз ин хонаҳо қисман хароб шуда, қисмати дигар аз оташи тир ба пуррагӣ сӯхтаанд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин сӯ мунтазам рух медиҳанд. Он замон аввалин даргирӣ миёни сокинони ду кишвар дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ба вуқӯъ пайваста буд.
Бори ахир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Раҳмон гуфт, 32 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шуд
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Аммо ахиран ҷониби Қирғизистон тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон пурра ба муҳлати номуайян қатъ кардааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян буд.
Аммо ахиран зимни сафари президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон маълум шуд, ки ҷонибҳо рӯйи 32 километри дигар ба мувофиқа расидаанд.
Лентаи хабарҳо
0