Тими олимпии Тоҷикистон ба 10 нафар расид: ду шиновари тоҷик низ ба Токио мераванд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузаштан ба хазинаи аксПловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем
Пловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз шомилшавии ду варзишгари дигари тоҷик ба тими олимпии кишвар, ки дар Токио қувваозмоӣ мекунанд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik.Шиноварони тоҷикистонӣ Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 иштирок мекунанд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ду варзишгар тавассути саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар Олимпиадаи Токиоро, дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр, тарзи озод пайдо намуданд.
Тибқи муқаррароти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ, ба кумитаҳои миллии олимпие, ки варзишгарони дараҷаҳои “А” ва “В” миёни мардон ва занон надоранд, иҷозат дода мешавад, ки дар яке аз мусобиқаи варзишӣ беҳтарин варзишгари мард ва занро пешниҳод намоянд.
Таджикские спортсмены на Азиаде-2018, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2019
Вуруди 3 намуди дигари варзиш ба барномаи Бозиҳои Осиё - 2022
Тибқи радабандии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ аз Тоҷикистон миёни бонувон Анастасия Тюрина бо 492 хол ва миёни мардҳо Олимҷон Ишанов бо 336 хол мавқеи беҳтарро доранд. Онҳо, ҳамчунин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ соли 2019 дар Корея ширкат карда буданд, ки талаботи дигари баҳравар шудан аз саҳмияи универсалӣ аст.
Манбаъ зикр кард, ки Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 низ ширкат карда буданд. Анастасия Тюрина, ҳамчунин иштирокчии 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон мебошад, ки соли 2018 дар Буэнос Айрес доир шуда буд.
Кумита афзуд, ки ҳамин тариқ, ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 10 нафар расид. Дар феҳраст аз Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (ҳар ду бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) ном бурда шуд.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо таъхири яксола аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала