Зас: вазъ дар марзҳои кишварҳои СААД пуршиддат боқӣ мондааст

© Фото : © Photo : БелаПАН / Сергей БалайСекретарь Совета безопасности Беларуси Станислав Зась
Секретарь Совета безопасности Беларуси Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Обуна шудан
Дабири кулли СААД Станислав Зас қайд кард, ки фишор ба кишварҳое, ки мехоҳанд сиёсати мустақилона пеш баранд, дар ҷаҳон афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Вазъ дар тақрибан тамоми дарозои марзҳои давлатҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчунон пуршиддат боқӣ мондааст, гуфт дабири кулли СПАД Станислав Зас зимни нишасти Ассамблеяи Парлумонӣ дар Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, фишор болои кишварҳое, ки саъй доранд сиёсати мустақилро пеш баранд, афзоиш меёбад.
Сотрудник национальной обороны Афганистана на посту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Нигаронии кишварҳои узви СААД аз амалиёти низомӣ дар шимоли Афғонистон
Зас таъкид кард, ки вазъияти байналмилалӣ боиси хушбинӣ дар самти амнияти ҷаҳонӣ нест.
"Пандемия ва зарурати мубориза бо он мебоист ҷомеаи ҷаҳонро муттаҳид мекард ва зиддиятҳои мавҷударо ҳамвор месохт. Аммо, фишорҳо ба кишварҳое, ки саъй доранд сиёсати мустақилро пеш баранд, афзоиш меёбад", - гуфт ӯ.
Роҳбари СААД қайд кард, ки Ғарб фаъолона ҳузури низомии худро дар наздикии марзҳои СПАД бо истифода аз абзорҳои "ҷангҳои гибридӣ" ва технологияҳои "инқилобҳои ранга" афзоиш медиҳад.
"Маъракаи густурдаи пешниҳоди иттилои дурӯғин васеъ бо истифода аз абзорҳои қалбакӣ оғоз ёфт. Дар натиҷа, вазъ тақрибан дар тамоми марзҳои кишварҳои узви СПАД пуршиддат боқӣ мондааст", - хулоса кард дабири кул.
Ёдовар мешавем, ки 1 июл дар Душанбе ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии СПАД баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0