Ба бовариаш даромаду 90 ҳазор долларашро гирифт: ошкоршавии қаллобии махсуcан калон

© ЦОС ФСБ РФ / Гузаштан ба хазинаи аксФСБ задержали в Москве пособника террористам
ФСБ задержали в Москве пособника террористам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Марде дастгир шудааст, ки пештар низ нисбаташ парвандаи боз шуда буд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Марде бо гумони қаллобии махсусан калон дастгир шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Зафаробод дастгир гардидааст.
Мард соли 2014 бо моддаҳои 200, 289, 165 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда будааст.
Номбурда, аз моҳи апрели соли 2020 то моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, аз ӯ 90 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Маблағҳои бадастовардаро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодеки ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала