Баргузоркунандаи "гонка" дар Маскав Анварзода, собиқ ноиби прокурор аст? шарҳи Додситонӣ

© Дафтари матбуоти КҲФСадамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тавзеҳ додааст, ки иштирокдори садамаи ахир дар Маскав, ки навораш паҳн гардид, Ислом Анварзода, собиқ ноиби додситони ноҳияи Фирдавсӣ набуда, ҳамномаш мебошад
ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Додситонӣ зикр кардааст, ки дар шабакаҳои интернатӣ иддао паҳн шудаанд, ки иштирокдори садама дар "МКАД" - и Маскав Ислом Анварзода, собиқ ноиби додситон мебошад, ки садамаи қаблӣ бо иштироки ӯ дар Душанбе боиси марги овозхон Баҳром Ғафурӣ шуда буд.
Додситонии кулл таъкид намудааст, ки дар садамаи нақлиётии рухдода дар Маскав ҳамноми Ислом Анварзода иштирок кардааст.
"Дар садамаи рухдода дар воқеъ шаҳрванди Тоҷикистон Анварзода Ислом Кабир, санаи таваллудаш 10 июни соли 1988 иштирок намуда, дар мақомоти прокуратура кор намекунад ва ба корманди собиқи он Анварзода Ислом иртиботе надорад", - тавзеҳ дод Додситонӣ.
Ахиран дар интернет наворе нашр гардид, ки дар он ду мошини “Киа” талош доранд дар “МКАД” мошини “Шевроле”-ро водор созанд, то манъ кунад ва кор то бархӯрд мерасад.
Ба иттилои расонаҳои Маскав, сари фармони мошинҳои “Киа” зодаҳои Тоҷикистон Валӣ Нарзуллоеви 34-сола ва Ислом Анварзодаи 33-сола будаанд, ки гуфта мешавад, қабл аз таъқиб мошини “Шевроле” бо яке аз “Киа”-ҳо расидааст, аммо манъ накардааст.
Расонаҳо хабар дода буданд, ки алайҳи муттаҳамон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои қасдан хароб кардани моли ғайр парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Расонаӣ шудани номи Ислом Анварзода аз Тоҷикистон гумонҳое барангехт, ки ин собиқ ноиби додситони ноҳияи Фирдавсӣ мебошад, ки субҳи 7 августи соли 2020 як садама бо иштироки ӯ дар Душанбе боиси ҳалокати овозхон Баҳром Ғафурӣ шуда буд. Сари чанбари мошине, ки овозхон низ аз мусофиронаш буд, Ислом Анварзода, писари раиси Корхонаи нассоҷии Тоҷикистон нишаста буд, ки замон ба ҳайси муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ кор мекард.
Аз қавли табибон хабар дода шуд, мавсуф дар пайи ин садама аз дасти рости худ маҳрум шуда, аз ноҳияи пойи росташ ҷароҳати вазнин бардошт ва нахуст дар шифохонаи Қарияи Боло, сипас шифохонаи “Мадади Акбар” ҳудуди як моҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.
Певец Бахром Гафури - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Изҳороти Додситонии кул дар бораи то ҳол ҷазо нагирифтани Анварзода барои садамаи маргбор
Нафари сеюм Баҳодур Зарипов, яке аз рафиқони Ислом Анварзода, ки дар мошин ҳузур дошт, низ ҷароҳат бардошта, аз шифохона рухсат шудааст.
Додситонии кул дар пайи ин қазия эълон дошт, ки тафтиши парванда алайҳи Исломзода боздошта шудааст.
"Ҳаминро бояд қайд намуд, ки 10 октябри соли 2020 бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани Анварзода Ислом, дар асоси сархати 3 қисми 1 моддаи 230 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ боздошта шудааст", - таъкид карда буд додситонии кулли Тоҷикистон.
Гуфта мешуд, ки Анварзода дар хориҷи кишвар қарор дорад ва ҳадафи сафараш табобат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0